Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов бар ин назар аст, ки мавҷи дуюми бӯҳрони моливу иқтисодии дар соли 2008—ум рухдода аллакай оғоз шудааст ва андешаи аксари сиёсатмадорону коршиносон ҷиҳати такрор нашудани он ба воқеъият мутобиқат надоранд.
Ба андешаи Шабдолов, сабаби асосии бӯҳрони кунунӣ монетаризм аст, яъне ба ивази усули маъмулии истифодаи рушди ҳар як ҷомеа тавассути воситаи «пул-маҳсулот-пул» ҷомеаи сармоядорӣ усули «пул-коғазҳои қимматнок-пул»-ро интихоб намуд.
«Эътиқод ба пул ва ташкили пирамидаҳои молиявӣ сабаби аслии бӯҳрон ҳастанд ва ман итминон дорам, ки ин бӯҳрон боз муддати 5-6 соли минбаъд низ идома хоҳад ёфт», - гуфт ӯ.
Шабдолов мӯътақид аст, ки танҳо он кишварҳое, ки роҳи рушди сотсиалистиро касб кардаанд, метавонанд мувафақона ин бӯҳронро паси сар созанд.
Шабдолов мегӯяд, «мутобиқи маълумоти оморӣ, феълан 42 млн. нафар шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико поинтар аз сатҳи ниҳоии зиндагӣ дар кишвар қарор дошта, аксари сокинони сайёра қобилияти харидории худро аз даст дода истодаанд, вале иқтидорҳои истеҳсолӣ мавриди истифодаи як гурӯҳи ҳариси сармоядоронанд ва дар хусуси анҷоми бӯҳрон дар ин ҳолат наметавон ҳарф зад».
«Танҳо танзими иқтисод аз ҷониби давлат метавонад иқтисоди ҷаҳонро аз шикасти мукаммал наҷот диҳад. Ман мутамаинам, ки бӯҳрони мазкур аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла давлатҳои собиқи шӯравиро ба муттаҳидшавӣ водор месозад», - изҳор кард Шабдолов.
Дар идома раиси Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон иброз дошт, ки мутобиқи пешгуйиҳои Созмони байнулмилалии меҳнат, соли 2012 дар кишварҳои ба истилоҳ узви «бистгонаи бузург» беш аз 40 млн. нафар аз ҷойи корӣ маҳрум мешаванд ва ин ҳам дар ҳолест, ки шумори бекорон дар сайёра аллакай 200 млн. нафарро ташкил медиҳад.
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Холов гузошта шуд
“Забон ёфтем”. Содир Жапаров гуфт, қитъаҳои мавриди баҳс бо Тоҷикистон “50 ба 50 тақсим шуданд”
“Тоҷикистон ҷонибдори рафъи маҳдудиятҳо аст.” Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав чӣ гуфт?
ТОП-7 меваи Тоҷикистон, ки дар соли 2024 аз ҳама бештар содир шудааст
Гузоришгарони бидуни марз: Дар соли 2024 дар саросари ҷаҳон 54 хабарнигор кушта шудаанд
Дар Тоҷикистон мақоми Ваколатдори нав таъсис дода мешавад
Боздошти ҷавони 18-сола бо гумони куштори як сокини Ҳисор
Дар Тоҷикистон беш аз 1 млн тонна картошка истеҳсол шуд, лекин чаро он арзон нест?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Се моҳӣ дар обгир”
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста