Зимни сафари расмии президенти Белорус Александр Лукашенко ба Тоҷикистон, ки ахири моҳи октябр дар назар аст, баррасии масоили густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар ба нақша гирифта шудааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, феълан коршиносони ҳукуматҳои ҳарду ҷониб як силсила аснодеро таҳия кардаанд, ки зимни сафари президенти Белорус ба Тоҷикистон ба имзо хоҳанд расид.
Бо назардошти натоиҷи гуфтушунид дар сатҳи олӣ аз имзои Созишнома дар бораи ҳамкории дарозмӯҳлати Тоҷикистону Белорус барои солҳои 2011-2020, Барномаи ҳамкории иқтисодӣ миёни кишварҳо барои солҳои 2011-2020 ва ҳамчунин як қатор асноди байниҳукуматӣ интизорӣ меравад.
Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар зарфи 8 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Белорус зиёда аз 49,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил додаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 57,7% бештар аст. Аз Тоҷикистон ба Белорус ба маблағи 9,2 млн. доллари ИМА маҳсулот фиристода шудааст, ки асосан нахи пахта мебошад. Аз Белорус ба Тоҷикистон техникаи нақлиётӣ ва қисмҳои эҳтиётии он ворид мешаванд. Миёни кишварҳои узви Итттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) Белорус дар муомилоти моли хориҷӣ бо Тоҷикистон пас аз Русияву Қазоқистон мақоми сеюмро ишғол мекунад.
Дар ҳамин ҳол, имрӯз Александр Лукашенко аз аввалинҳо шуда, президенти Тоҷикистонро бо зодрӯзаш табрик кард. ОИ БЕЛТА менависад, дар барқияи табрикотии худ Александр Лукашенко ба густариши ҳамкориҳои шариконаи дуҷониба ва таҳкими робитаҳои барои ҷонибҳо судманду манфиатовар изҳори умедворӣ кардааст.
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Холов гузошта шуд
“Забон ёфтем”. Содир Жапаров гуфт, қитъаҳои мавриди баҳс бо Тоҷикистон “50 ба 50 тақсим шуданд”
“Тоҷикистон ҷонибдори рафъи маҳдудиятҳо аст.” Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав чӣ гуфт?
ТОП-7 меваи Тоҷикистон, ки дар соли 2024 аз ҳама бештар содир шудааст
Гузоришгарони бидуни марз: Дар соли 2024 дар саросари ҷаҳон 54 хабарнигор кушта шудаанд
Дар Тоҷикистон мақоми Ваколатдори нав таъсис дода мешавад
Боздошти ҷавони 18-сола бо гумони куштори як сокини Ҳисор
Дар Тоҷикистон беш аз 1 млн тонна картошка истеҳсол шуд, лекин чаро он арзон нест?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Се моҳӣ дар обгир”
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста