Мушкилоти обҳои фаромарзӣ барои минтақаи Осиёи Марказӣ, ки маҷрои асосӣ дар қаламрави як кишварҳову истеъмоли назаррас дар кишварҳои дигар сурат мегирад, хос аст, - гуфт чанде қабл зимни кори мизи гирди сатҳи болоӣ оид ба мушкилоти фаромарзӣ дар Ҳамоиши VI-уми ҷаҳонии об дар Марсел (Фаронса) вазири мелиоратсия ва захираҳои обии Тоҷикистон Раҳмат Бобокалонов.

Ин мизи гирд аз ҷониби ҳайатҳои кишварҳои Тоҷикистон, ИМА ва Зимбабве созмон дода шуд.

«Тоҷикистон ҳудуди 60%-и маҷрои оби баҳри Аралро таъмин карда, ҳамагӣ 10-15% аз ҳаҷми умумии онро барои қонеъ кардани эҳтиёҷоти худ истифода мебарад», - гуфт вай.

Ба гуфтаи ӯ, чанде аз кишварҳо ба то ҳадди ниҳоӣ истифода намудани захираҳои обӣ дар фасли зимистон барои истеҳсоли барқ ниёзманд буда, кишварҳои дигар ба доштани захираҳои обии кофӣ дар фасли тобистон барои обёрӣ манфиатдоранд.

«Дар чунин вазъ танҳо бо ба инобат гирифтани манфиатҳои тарафайн, ба созиш омадан ва имзои қарордодҳои иҷрошаванда метавон ба натиҷаҳои пурсамар ва рушди устувор ноил гардид», - иброз дошт вазир.

Р.Бобокалонов зикр кард, ки дар минтақа ҳама ба хубӣ аз ин мушкилот огаҳанд ва айни замон ҷараёни такмилу таҳияи механизмҳои мавҷуда ва нав барои идораи устувори захираҳои обӣ дар минтақа идома дорад, ки Тоҷикистон комилан ин равандро дастгирӣ ва омодагии худ ба муколамаву ҳамкорӣ оид ба ин масъалаҳоро изҳор медорад.

Дар маҷмӯъ, гуфт вазир, мавзӯи интихобкардаи иҷлосияи мазкур хеле муҳим аст, зеро ҳавзаҳои обии фаромарзӣ 45%-и қаламрави хушкиро ишғол мекунанд, ки дар он 40%-и аҳолии сайёра зиндагӣ мекунад ва ноил гардидан ба таъмини сулҳу субот ва рушди устувор дар ин манотиқ аксаран ба идораи оқилонаи захираҳои обӣ вобастаанд.

Бобокалонов муътақид аст, ки дар ин самт нақши калидӣ бояд ба рушди ҳамкории фаромарзии обӣ дода шавад.

«Дар ҷаҳон тамоили рушди муколама ва ҳамкорӣ оид ба масоили об ба мушоҳида мерасад. Об акнун одамонро на ҷудо, балки бештар муттаҳид менамояд. Шурӯъ аз соли 1948 таърих 37 ҳодисаи мухолифати марбут ба масоили об дар ҷаҳонро дар хотир дорад ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар ин давра ҳудуди 300 созишномаи байнулмилалӣ оид ба масоили об ба имзо расидааст», - афзуд Р.Бобокалонов.

Ҳайати Қирғизистон зимни суханронӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба мушкилоти мавҷудаи минтақаи Осиёи Марказӣ ҷалб кард. «Мо дар саргаҳи рӯдхонаҳои Сирдарё ва Амударё қарор дошта, танҳо 10% аз ҳаҷми умумии оби онро истифода мекунем ва 90%-и он дар ихтиёри кишварҳои поёноб аст», - гуфт намояндаи ҳайат.

Ҳайати Қирғизистон низ мутмаин аст, ки танҳо тавассути роҳандозии муносибати комплексӣ ва доимӣ метавон ба ҳамкории дарозмуҳлати кишварҳои минтақа дар ин самт муваффақ шуд.