Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕврАзЭС), ки дар шаҳри Маскав баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат итттилоъ доданд, дар ҷаласа сарони ҳамаи давлатҳои аъзои иттиҳод – Беларус, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон ва давлатҳои нозир – Арманистон, Молдова ва Украина иштирок доштанд.
Мавзӯи асосии ҳамоиш баррасии принсипҳои бунёдии лоиҳаи Шартнома доир ба бозсозии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ё худ таъсиси як созмони нав дар заминаи он буд. Аз ин хотир ин ҳамоиш ва мавзӯи асосии он дорои аҳамияти бузург арзёбӣ гардид.
Сарвари давлати Тоҷикистон зимни суханронии худ раванди муттаҳидсозии имконоти иқтисодии кишварҳои фазои пасошӯравиро мавриди дастгирӣ қарор дода, ҳамзамон таъкид дошт: «ба андешаи мо, тағйироти чунин миқёс бояд тавассути муҳокимаи васеъ бо ҷалби доираҳои коршиносии ҳамаи кишварҳои аъзо ворид карда шаванд ва ин, албатта, вақти зиёдро талаб мекунад».
Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин изҳор намуд, ки зимни дигаргунсозиҳои оянда тартиботи судманди дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё амалкунанда бояд нигоҳ дошта шаванд.
Сарони давлатҳо ба қарор омаданд, ки масъалаи дигаргунсозии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мавриди омӯзишу баррасии васеъ қарор дода шавад.
Муҳокимаи масоили вобаста ба оғози фаъолияти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё, ки 1 феврали соли равон таъсис ёфта буд, низ аз мавзӯъҳои асосии ҳамоиш буд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки ин ҳамоиш ва қарорҳои дар он қабулшуда ба раванди мутаҳидсозии имконоти иқтисодии кишварҳои аъзои иттиҳод такон мебахшад.
Сироҷиддин Муҳриддин дар Маскав аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирону донишҷӯёни тоҷик нигаронӣ кард
Вазорати маориф ва илм ҷузъиёти латукӯби омӯзгорро дар мактаби №8-и Ваҳдат гуфт
Данғараи Боло–Раҳмониён, Қирғизобод-Ҳазордеҳ, Қайрағоч-Қадамҷо. Номи беш аз 500 деҳа дар Тоҷикистон иваз шуд
Ӯзбекистон ба ҳамсояҳояш пешниҳод кард, шиносномаҳои дохилии ҳамдигарро эътироф кунанд. Ин чӣ маъно дорад?
Рақобати Муин Ғафуров дар UFC бо варзишгари Ҷопон, ки ҳоло таъми бохтро начашидааст
Ҷабҳаи муқовимат гуфт, дар ҳамла ба қароргоҳи Толибон дар Панҷшер 13 толиб кушта шуд
Латукӯби омӯзгор аз сӯи волидайни як хонанда дар Ваҳдат
Русия ба Тоҷикистон зиёда аз 370 ҳазор китоби дарсии забони русӣ дод
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Аждаҳои хуфта"
Нигаронии Қоҳир Расулзода аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста