Ахири ҳафтаи гузашта дар пойтахти ИМА ба муносибати ҷашни Наврӯз чорабинии идона баргузор шуд.

Соли сеюм аст, ки бо ташаббуси созмони ғайриҳукуматии Nowruz Commission, ки соли 2010 аз ҷониби тоҷир ва шахси некӯкор Носир Каземенӣ, сафири Қазоқистон дар ИМА Эрлан Идрисов ва бонкдори амрикоӣ Бежан Киён таъсис дода шудааст, ин ҷашни қадимаи мардуми тоҷику форсзабон дар Амрико бошукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

Намояндагони созмони ғайриҳукуматии Nowruz Commission ба таблиғи афкори башардӯстонаи ҷашни Наврӯз дар сарзамини Амрико машғул мебошанд.

Соли равон дар бинои қадимаи «Hall of the Americas» дар маркази шаҳри Вашингтон ҳудуди 500 нафар меҳмонон – роҳбарони корпусҳои дипломатии кишварҳои хориҷии муқими ИМА, конгресменҳо, олимон, намояндагон аҳли ҳунар ва диаспораҳои миллӣ гирдиҳам омаданд.

Ваколатдори муваққатӣ дар умури Тоҷикистон дар ИМА Фарҳод Салим паёми табрикотии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиёни чорабиниро назди ҳозирин қироат намуд.  

Имрӯз бо иштироки 2 ҳазор нафар меҳмонон ҷашни Наврӯзро дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк таҷлил мекунанд. Ҳафтаи равон иди баҳорро диаспораҳои тоҷик дар шаҳрҳои Вашингтон, Денвер, Омаха, Минеполис, Лос-Анҷелес ва дигар шаҳрҳои ИМА ҷашн мегиранд.