Нимаи дуюми имрӯз сарони кишварҳои Эрону Афғонистон ва Покистон ҷиҳати иштирок дар ҷашни байнулмилалии «Наврӯз-2012» ва конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V) ба шаҳри Душанбе ташриф меоранд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, имрӯз гуфтушуниди як ба яки сарони кишварҳои зикршуда бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.
Рӯзи якшанбе, 25-уми март, сарони кишварҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Эрон – Маҳмуди Аҳмадинажод, Афғонистон – Ҳомид Карзай ва Покистон – Осиф Алӣ Зардорӣ дар кори конфронси байнулмилалӣ таҳти унвони «Наврӯз-2012» ва дигар чорабиниҳои идона бахшида ба ин ҷашн ширкат меварзанд.
Нимаи дуюми рӯзи 25-уми март вохӯрии сеҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон ба нақша гирифта шуда, баъдтар президенти Покистон низ ба онҳо ҳамроҳ хоҳад шуд.
Рӯзи 26-уми март меҳмонони воломақом дар кори конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V) ва ҳамчунин ҳамоиши тиҷоратӣ дар чаҳорчӯби ин конфронс иштирок мекунанд.
Худи ҳамин рӯз сарони кишварҳои Эрону Афғонистон ва Покистон ба ватан бармегарданд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, имрӯз аз ташрифи намояндаи махсуси Дабири кулли СММ дар Афғонистон Ян Кубиш, Дабири кулли САҲА Ламберто Зайнер, муовини нахуствазири Озарбойҷон Элчин Илёс-Оғлу Эфендиев, вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Қирғизистон Каликбек Султонов ва намояндагони кишварҳои дигар ба Душанбе низ интизорӣ меравад. Ҳамчунин пагоҳ, 25-уми март, намояндаи махсуси нахуствазири Ҳиндустон оид ба Афғонистон Сатиндер Кумар Ламба ва муовини нахуствазири Туркманистон Боймурод Хоҷамуҳаммедов ба Душанбе меоянд.
Сироҷиддин Муҳриддин дар Маскав аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирону донишҷӯёни тоҷик нигаронӣ кард
Вазорати маориф ва илм ҷузъиёти латукӯби омӯзгорро дар мактаби №8-и Ваҳдат гуфт
Данғараи Боло–Раҳмониён, Қирғизобод-Ҳазордеҳ, Қайрағоч-Қадамҷо. Номи беш аз 500 деҳа дар Тоҷикистон иваз шуд
Ӯзбекистон ба ҳамсояҳояш пешниҳод кард, шиносномаҳои дохилии ҳамдигарро эътироф кунанд. Ин чӣ маъно дорад?
Рақобати Муин Ғафуров дар UFC бо варзишгари Ҷопон, ки ҳоло таъми бохтро начашидааст
Ҷабҳаи муқовимат гуфт, дар ҳамла ба қароргоҳи Толибон дар Панҷшер 13 толиб кушта шуд
Латукӯби омӯзгор аз сӯи волидайни як хонанда дар Ваҳдат
Русия ба Тоҷикистон зиёда аз 370 ҳазор китоби дарсии забони русӣ дод
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Аждаҳои хуфта"
Нигаронии Қоҳир Расулзода аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста