Бегоҳии рӯзи 25-уми март шаҳри Душанбе макони баргузории нахустин мулоқоти чорҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, мулоқот таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифта, дар он масоили ҳамкории минтақавӣ дар бахшҳои сиёсат, ҳамгироиҳои муштараки амниятӣ дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фановарӣ ва ғайра баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон бо ишора ба болоравии нақши чаҳор кишвар дар минтақа, ҷаҳони ислом ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ мондани равобити судманди чорҷонибаи миёни онҳоро амри зарурӣ номид.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон бояд барои бунёди шабакаи муосири интиқоли барқ, газ, оби нӯшокӣ ва роҳҳои оҳану мошингард ҷаҳду талоши фаъол дошта бошанд.

Бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ дар Тоҷикистон ва интиқоли нерӯи арзони барқ ба кишварҳои ба он ниёздори минтақа дорои суди беандоза маънидод гардид.

 Ба сатҳи нав баровардани корҳо барои имконсанҷӣ ва бунёди роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон ва пайвастани он бо шабакаҳои марбутаи Эрону Покистон низ зарур шумурда шуд.

Сарони давлатҳои Афғонистон, Эрон ва Покистон пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмонро доир ба таъсиси Форуми ҳамкории иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амниятии кишварҳои чоргона дастгирӣ намуда, ба ташкил ва густариши робитаҳои судбахш изҳори ҳавасмандӣ карданд.