Нимаи дуюми имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як зумра иштирокдорони воломақоми Конфронси 5-уми байналмилалии ҳамкории минтақавии иқтисодӣ барои Афғонистон (RECCA-5)-ро ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, зимни суҳбати нахусти Эмомалӣ Раҳмон, ки бо Вазири нақлиёти Фаронса Тйерри Мариани сурат гирифт, масоили ҳамкории дуҷониба ва минтақавии ду кишвари шарик баррасӣ шуд.
Тйерри Мариани ба Сарвари давлати Тоҷикистон паёми Президенти Фаронса Никола Саркозиро расонид, ки дар он ба ҷониби Тоҷикистон барои сатҳи баланду мусоиди ташкили конфронси мазкур ва нақши намоёну муассираш дар рушди ҳамкории минтақавӣ арзи сипос карда мешавад.
Тйерри Мариани ҳавасмандии Фаронсаро ба густариши ҳамгироӣ бо Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва нақлиётию транзитӣ дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон таъкид намуд.
Бо изҳори қаноатмандӣ аз ҳамкории босамари сохторҳои низомии Тоҷикистону Фаронса, ҳамчунин таҳким ва густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар зарур шумурда шуд.
Ба густариши ҳамкории иқтисодӣ дар бахшҳои саноати кӯҳӣ, сабук, хӯрокворӣ, кимиё ва ғайра изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
Дар мулоқот бо Муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Япония Ҷо Накано доир ба ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистон бо ин кишвари мутараққии ҷаҳон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон иштироки намояндаи воломақоми Японияро дар Конфронси RECCA-5 нишонаи таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати ин кишвар ба минтақаи мо арзёбӣ намуда, изҳори боварӣ кард, ки ин ҳамоиши муҳим ва тасмимоти муштараки кишварҳо ва созмонҳои мададрасон ба рушди намоёни иқтисодиёт ва амну суботи Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он мусоидати фаъол менамояд.
Аз рушди ҳамкорӣ бо Япония доир ба дастгирии рушди бахшҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ҳамзамон густариши сармоягузории муштарак ба татбиқи лоиҳаҳои судманди иқтисодӣ дар соҳаи коркарди сарватҳои табиӣ ва кишоварзии Тоҷикистон ва дигар бахшҳо «бо истифода аз захираҳоиТоҷикистон ва технологияҳои Япония» матлуб дониста шуд.
Ба гуфти Ҷо Накано, бо назардошти марзи тӯлонии Тоҷикистон бо Афғонистон ва нақши муҳими он дар таъмини суботи минтақавӣ Япония омода аст, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва нақлиётии Тоҷикистон, хусусан минтақаи ҷануби он мусоидати фаъол намояд.
Сироҷиддин Муҳриддин дар Маскав аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирону донишҷӯёни тоҷик нигаронӣ кард
Вазорати маориф ва илм ҷузъиёти латукӯби омӯзгорро дар мактаби №8-и Ваҳдат гуфт
Данғараи Боло–Раҳмониён, Қирғизобод-Ҳазордеҳ, Қайрағоч-Қадамҷо. Номи беш аз 500 деҳа дар Тоҷикистон иваз шуд
Ӯзбекистон ба ҳамсояҳояш пешниҳод кард, шиносномаҳои дохилии ҳамдигарро эътироф кунанд. Ин чӣ маъно дорад?
Рақобати Муин Ғафуров дар UFC бо варзишгари Ҷопон, ки ҳоло таъми бохтро начашидааст
Ҷабҳаи муқовимат гуфт, дар ҳамла ба қароргоҳи Толибон дар Панҷшер 13 толиб кушта шуд
Латукӯби омӯзгор аз сӯи волидайни як хонанда дар Ваҳдат
Русия ба Тоҷикистон зиёда аз 370 ҳазор китоби дарсии забони русӣ дод
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Аждаҳои хуфта"
Нигаронии Қоҳир Расулзода аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста