Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Австрия Ҳайнтс Фишер барқияи шодбошӣ ирсол кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

 «Ҷаноби Олӣ,

 Бо камоли масаррат Шуморо ба муносибати фарорасии бистумин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия сидқан табрику таҳният мегӯям.

 Тайи солҳои аз ин санаи хотирмон сипаришуда байни кишварҳои ба ҳам дӯсти мо дар пояи ҳусни тафоҳум, сатҳи баланди эътимод ва эҳтироми мутақобила равобити дар воқеъ ҳам ҳасанаи сифатан нави байнидавлатӣ ташаккул ёфта,ба сатҳи назаррас расидаанд.

 Боиси қаноатмандист, ки имрӯз бар асари саъйю талошҳои муштарак муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Австрия фарогири соҳаҳои мухталифи ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо буда, масири густариши зина ба зинаро касб кардаанд.

 Итминони комил дорам, ки татбиқи пайгиронаи тавофуқоти дар рафти сафари расмии инҷониб ба кишвари дилпазири Шумо ҳосилшуда ба таъмини сатҳ ва мазмуни нави муносиботи гуногунҷанбаи миёни Тоҷикистон ва Австрия мусоидати ҷиддӣ хоҳад кард.

 Бо таманнои саодату хушрӯзиҳои минбаъда ва комёбиҳои рӯзафзун ба аҳли ҷомеаи Австрия сарфарозам ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатмандии комил, бахту иқбол ва дастовардҳои нав ба нав дар фаъолиятатон орзу намоям”.