Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ба унвони иштирокдорони Конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V), ки имрӯз дар шаҳри Душанбе ба кори худ идома мебахшад, паёми шодбошӣ ирсол намуд.
Дар паём зикр мегардад, ки роҳандозии ҳамкории иқтисодӣ воситаи расидан ба ояндаи амну субот дар Афғонистон аст.
«Дар ҷараёни ислоҳоту азнавсозӣ дар Афғонистон ҳамкории минтақавӣ рӯз то рӯз муҳимтар мешавад. Рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини шароити мусоид барои он асоси таҳкурсии ояндаи амну субот ва пешбурди рушд дар Афғонистон мебошад», - гуфта мешавад дар паём, ки онро аз номи Дабири кулли СММ намояндаи махсусии СММ дар Афғонистон Ян Кубиш ироа кард.
Дар паём хотиррасон мешавад, ки конфронсҳои ҳамкории минтақавӣ оид ба Афғонистон шуруъ аз соли 2005 доир гардида, дар конфронси аввал намояндагони ҳамагӣ 11 кишвари ҷаҳон ширкат варзида буданд ва дар конфронси Душанбе бошад, аллакай намояндагони 80 кишвари дунё ва созмонҳои байнулмилаливу минтақавӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доранд.
Дар паёми Пан Ги Мун гуфта мешавад, СММ вазифаҳои конфронс оид ба таъмини рушди Афғонистон ва сафарбарии захоири мавҷуда баҳри ноил гардидан ба ин ҳадафҳоро комилан дастгирӣ менамояд. Дабири кулли СММ аз таваҷҷуҳи иштирокдорони конфронс ба масоили ҷалби сармоягузорӣ, роҳандозии савдо ва транзит ва ҳалли мушкилоти рушди зербинои иқтисоди Афғонистон изҳор қаноатмандӣ кард.
Бино ба гуфтаи Дабири кулли СММ, айни замон дар Афғонистон ба ҷуз Гуруҳи СММ оид ба мусоидат ба Афғонистон, боз 28 муассисаву фонд ва барномаҳои СММ амал мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 26-уми март дар шаҳри Душанбе конфронси панҷуми байнулмилалии минтақавии ҳамкории иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V) ба кор шуруъ кард. Дар кори конфронс ҳайатҳои 40 кишвари ҷаҳон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ ва намояндагони 33 созмонҳои байнулмилаливу минтақавӣ иштирок доранд.
Дар конфронс масоили мусоидат ба рушди иқтисоди Афғонистон тавассути ташаккули зербинои он (нақлиёт ва энергетика), рушди захираву имконоти инсонӣ тавассути мусоидат ба рушди маориф ва омодагии касбии кадрҳо, муваффақ гардидан ба пешбурди сармоягузорӣ, савдо ва беҳбуди идораи марзҳо ба воситаи таҳким ва ҳамоҳангсозии ҳамкорӣ миёни мақомоти миллӣ ва шарикони байнулмилалӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Ҳамчунин дар ҳошияи баргузории конфронс аз 26 то 29-уми март дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Афғонистон – имконоти ҳамкории иқтисодии минтақавӣ» Ҳамоиши тиҷоратӣ ва намоишгоҳ баргузор мегардад.



Аз таҳдиди Трамп то посухи Лориҷонӣ. Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ
“Азия-Плюс” ва “Ориёнбонк” дар Душанбе дарахт нишонданд
“Риояи қонунро мехоҳем”. Баҳси чанд сокини як бино дар Душанбе бо ширкати бинокори “Лутф-Сохтмон”
Хонандагону донишҷӯён дар ҷашни Наврӯз чанд рӯз истироҳат мекунанд? Вазорати маориф ва илм посух гуфт
33 миллион менависему 500 миллион мехонем. Баъди ифтитоҳи сарҳад тиҷорат миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар кадом сатҳ аст?
Мактабе, ки як хонанда ва як омӯзгор дошт, ба филиали мактаби дигар табдил дода шудааст
Боз ҳам касе нахарид. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” дар музоядаи 3-юм низ фурӯхта нашуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 45
Ҳамла ба мактаб ва куштори кӯдакон дар Миноб. Ҷинояте, ки метавонад поёни кори Доналд Трамп ва вазири ҷангаш бошад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста