Дар чаҳорчӯби Панҷумин Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Ёвари Котиби давлатии Штатҳои Муттаҳидаи Америка Роберт Блейк вохӯрӣ намуд.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, ёвари Котиби давлатӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон барои созмондиҳии Панҷумин Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон, ки ба ҳайси омили муҳими мусоидат ба рушди Афғонистон ва кулли минтақа хизмат мекунад, миннатдорӣ баён намуд.

Дар навбати худ, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон қайд кард, ки соли ҷорӣ Конфронс дар сатҳи хеле баланд барпо мегардад, чунки дар қатори намояндагони 46 кишвар ва 30 созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ дар кори он чаҳор сарони давлатҳо – президентҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон иштирок намуданд.

Р. Блейк тазаккур дод, ки Тоҷикистон ҳамеша ҳамсояи худро тариқи ташаббусҳои гуногун оид ба эътидоли ҳарчи зудтари вазъ ва рушди иқтисодии Афғонистон дастгирӣ мекард, чунки ин амр ба нафъи тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо инчунин перомуни татбиқи лоиҳаҳои мавҷудаи минтақавӣ, ки ба рушди иқтисодии Афғонистон, хусусан сохтмони иншоотҳои инфрасохторӣ ва энергетикӣ нигаронида шудаанд, табодули назар намуданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Ёвари Дабири кулли СММ ва Мудири минтақавии Барномаи рушди СММ дар Аврупо ва ИДМ Кори Удовички баргузор гардид.

Дар авали сӯҳбат хонум Кори Удовички Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ташкили олии Панҷумин Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон табрик гуфта, ба кори дурӯзаи он комёбиҳо орзу кард.

Зимни вохӯрӣ ҳамсӯҳбатон масъалаҳои амалисозии лоиҳаҳои мавҷудаи муштарак, ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, инчунин масъалаҳои Конфронси дарпешистодаи «Рио+20»-ро, ки моҳи июни соли равон дар Бразилия сурат мегирад, матраҳ намуданд.