Зимни брифинг дар Душанбе сафири Ирландия дар Созмони амнияту ҳамкории Аврупо Филипп Мак Донах гуфт, натиҷаҳои Конфронси душанбегии ҳамкории минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V) ба мардуми афғон баҳри расидан ба сулҳу созиш имконоти нав фароҳам месозанд.
Ӯ аз номи кишвари Ирландия, ки айни замон раёсати САҲА-ро ба уҳда дорад, ба мақомоти Тоҷикистон барои дар сатҳи зарурӣ созмон додани конфронс изҳори миннатдорӣ намуд.
Ба андешаи ӯ, кишварҳои ҳамҷавор бо Афғонистон нисбат ба ояндаи ин кишвари азияткашида дидгоҳи умумӣ доранд. «Тайи якчанд соли наздик САҲА Афғонистон ва кишварҳои ҳамҷавори онро дар тамоми самтҳое, ки фаъолият дорад, дастгирӣ хоҳад кард», - зикр кард номбурда.
Ёдрас мекунем, ки чанде қабл дар шаҳри Душанбе конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V) кори дурӯзаи худро ба анҷом расонид.
Дар кори конфронси мазкур ҳудуди 500 ҳайатҳои хориҷиву маҳаллӣ ва ҳамчунин созмонҳои минтақавиву байнулмилалӣ ва ниҳодҳои молиявӣ ширкат варзиданд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 марти соли 2025
Нахустин ҷашни расмии Наврӯз дар Душанбе
Қадам ба қафо. Қатъи фаъолияти USAID ба бахши кишоварзии Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Наврӯз кай ва чӣ гуна пайдо шудааст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2025
Афви зиндониён. Имрӯз 697 нафари дигар аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд.
Як сол баъди ҳамла ба “Крокус”. Пайвандони 4 гумонбари асосӣ дар чӣ ҳоланд ва дар бораи фарзандонашон чӣ медонанд?
Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор... Андар муносибати ҷашни Наврӯз ба дину мазҳаб
Афви тақрибан 900 зиндонӣ. Аллакай, 200 кас аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста