Руҳонии маъруфи Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода муътақид аст, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ набояд дастнигари ИМА бошанду бо мардуми дӯсту бародарони Эрон муносибатҳоро сард созанд.

«Мо бо Эрон дину забони ягона ва анъанаҳои умумии фарҳангӣ дорем», - гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Тӯраҷонзода дар робита ба шарҳи изҳороти ёвари котиби давлатии ИМА Робер Блейк, ки вобаста ба натиҷаҳои конфронси минтақавӣ оид ба Афғонистон садо дод.

Ӯ бар ин бовар аст, ки ИМА сиёсати ноодилона ва бидуни ҳеҷ асосеро алайҳи Эрон роҳандозӣ намудааст. «Мақомоти раҳбарии Эрон борҳо иттиҳоми коркарди аслиҳаи ҳастаиро рад сохта, изҳор дошт, ки ин корҳо баҳри ба даст овардани атом бо мақсади осоишта пеш бурда мешаванд, вале аз чӣ бошад, ки амрикоиҳо қотеона ба акси ин гуфтаҳо мутмаинанд», - мегӯяд сиёсатмадор.

Дар ҳамин ҳол, ба қавли Тӯраҷонзода, ИМА Исроилро, ки дорои аслиҳаи ҳастаӣ ҳасту қариб нисбат ба тамоми кишварҳои ҳамсояаш сиёсати душманона дорад, маҳкум намекунанд.

«Чаро амрикоиҳо Исроилро, ки қаламрави давлатҳои ҳамсояро ғасб кардааст, кишвари барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хатарафзо намешуморанду, онро ба Эрон нисбат медиҳанд?», - суол медиҳад ӯ.

Ба андешаи Тӯраҷонзода, ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, ки дар муносибат бо ИМА манфиатҳои худро пайгирӣ мекунанд, ҳушёрӣ зарур аст, то ки «ба амрикоиҳо барои гузаштан аз «ҳадди ниҳоӣ» имкон надиҳанд». «Аз нигоҳи сиёсӣ изҳороте бо чунин даъватҳо нисбати як кишвари соҳибистиқлол қобили қабул нест», - афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл зимни мулоқот бо журналистон дар Душанбе ёвари котиби давлатии ИМА оид ба масоили Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейк изҳор кард, ки «ИМА аз кишварҳои минтақа даъват мекунад, ки таҳримҳои Вашингтон алайҳи Эронро дастгирӣ намуда аз муносибатҳои тиҷоратӣ ва ҳама гуна дигар муносибатҳо бо Эрон даст кашанд, то ки ба Эрон фишор оварда шаваду бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар масъалаи нигаронӣ аз барномаи ҳастаии Эрон ҳамраъйӣ зоҳир гардад».