Дар сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Русия дар робита ба муносибатҳои кунунии Тоҷикистону Ӯзбекистон як изҳорот нашр шуд.

Дар он гуфта мешавад, мақомоти раҳбарии Ӯзбекистон бо истифода аз фишорҳои гуногун мақомоти Тоҷикистонро маҷбур карданист, ки қарорҳои барои он мақбулро қабул намояд.

«Қатъи ҳаракати қатораҳо тавассути қитъаи роҳи оҳани Ғалаба-Амузанг, иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба интиқоли газ ба Тоҷикистон, розӣ нашудан ба интиқоли барқ аз Туркманистон тавассути қаламрави худ, изҳори норозигӣ ба анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Роғун, эълони ҷанги иттилоотӣ бо Корхонаи алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО) бо баҳонаи ҳифзи муҳити зист, дархости ба моликияти Ӯзбекистон табдил додани обанбори Фарҳод бо қаламраваш, то ба ҳол аз минаҳо поккорӣ накардани 54 қитъаи марзҳои муштарак ва ғайра аз ҷумлаи мушкилоти миёни кишварҳост», - омадааст дар изҳорот.

Дар изҳороти сафорат зикр мегардад, ки амалҳои якҷонибаи ҳукуматдорони Ӯзбекистон аслан муҳосираи иқтисодии эълоннашуда ба Тоҷикистонро ифода мекунанд, ки ба муташанниҷ шудани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ дар Тоҷикистон нигаронида шудаанд.

«Боқӣ мондани чунин вазъ ба минбаъд бад шудани вазъи аҳолии Тоҷикистон ва таҳдиди рӯйи кор омадани фалокати гуманитарӣ боис шуда метавонад», - хулоса мешавад дар изҳорот.