Имрӯз ба Душанбе миқдори аввали кумаки башардӯстонаи Русия ворид мегардад. Маблағи умумии ёрӣ 106,3 млн. рубли русиро ташкил медиҳад.

Ҳавопаймои ИЛ-76-и КҲФ ФР имрӯз соати 15:30 дар майдони ҳавоии Душанбе фуруд меояд. Тавассути ин ҳавопаймо ба Тоҷикистон дастгоҳу таҷҳизоти гармкунанда, нерӯгоҳҳои барқии сайёр, хаймаҳо, зарфи металлӣ ва ғайра оварда мешавад, ки вазни умумиаш 37,8 тонна мебошад.

Тавре сардори Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ Ориф Нозимов хабар дод, хавопаймои дуюм бо ёрии башардӯстона пагоҳ ва ҳавопаймои сеюм рӯзи 5-уми апрел ба Тоҷикистон ворид мегардад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 30-юми март суҳбати телефонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва нахуствазири Русия Владимир Путин баргузор шуда, дар он вазъи мушкили Тоҷикистон бар асари сардиҳои шадиди зимистон баррасӣ шуд. Дар робита ба ин Эмомалӣ Раҳмон аз Русия кумаки башардӯстонаи таъҷилӣ дархост кард.