- Дар ҷаласаи фаврии Шӯрои амнияти миллии Ӯзбекистон, ки рӯзи сешанбе доир гардид, вазъи муносибатҳои кунунӣ бо Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, - хабар медиҳад ОИ «Фергана».
Бино ба маълумоти оҷонсӣ, дар ҷаласа вазъи муносибатҳо бо кишвари ҳамҷавори Тоҷикистон, ки ахиран хеле муташанниҷ шудаанд, баррасӣ шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, ОИ «Жаҳон»-и назди Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон менависад, ҷаласа таҳти раёсати президенти Ӯзбекистон, раиси Шӯрои амнияти миллӣ Ислом Каримов баргузор шудааст.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни ҷаласа вазъи корҳо ва таҳдидҳо ба амният дар Ӯзбекистон ва минтақа ва ҳамчунин чораву тадбирҳои пешгирии онҳо мавриди таҳлил қарор гирифтаанд Дар ҷаласа роҳбарони ҳукумат ва мақомоти дахлдори Ӯзбекистон иштирок кардаанд.
Тибқи маълумоти ОИ «Фергана», ҷаласаҳои Шӯрои амнияти миллии назди президенти Ӯзбекистон хеле кам доир мегарданд ва ҷаласаи охири ин шӯро моҳи апрели соли 2009 баргузор шудааст.
Ёдрас мекунем, ки санаи 2-юми апрел дар сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Русия дар робита ба муносибатҳои кунунии Тоҷикистону Ӯзбекистон як изҳорот нашр шуд.
Дар изҳорот зикр гардида буд, ки қатъи ҳаракати қатораҳо тавассути қитъаи роҳи оҳани Ғалаба-Амузанг, иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба интиқоли газ ба Тоҷикистон, розӣ нашудан ба интиқоли барқ аз Туркманистон тавассути қаламрави худ, изҳори норозигӣ ба анҷоми сохтмони нерӯгоҳи Роғун, эълони ҷанги иттилоотӣ бо Корхонаи алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО) бо баҳонаи ҳифзи муҳити зист, дархости ба моликияти Ӯзбекистон табдил додани обанбори Фарҳод бо қаламраваш, то ба ҳол аз минаҳо поккорӣ накардани 54 қитъаи марзҳои муштарак ва ғайра аз ҷумлаи мушкилоти миёни кишварҳост.
Барои кадом амалҳо дар интернет шуморо метавонанд дар Русия ҳабс кунанд?
Дар Душанбе ба мардуми Эрон ҳамдардӣ баён карданд
Зарари офатҳои табиии рӯзи гузашта дар Тоҷикистон
Чаро дар Тоҷикистон сим-кортҳои кӯдакона нест?
Ҳудуди 100 сарбозу афсари Тоҷикистон дар гузашти низомии Ҷашни Ғалаба дар Маскав ширкат мекунанд
Парвандаи гумонбарони асосии ҳамла ба “Крокус” моҳи июн ба додгоҳ фиристода мешавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 8
Пешниҳоди як вакили рус. Муҳоҷироне, ки ҳузури худро бо пора қонунӣ кардаанд, ихроҷ кунед
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2025
Муҳлати қонунигардонии будубош дар Русия то сентябр тамдид шуд. Посух ба муҳимтарин саволҳо
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста