Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи интихобот ба як ҷойи холишуда дар палатаи болоии парлумони кишвар ба ивази Нуриддин Саидовро муайян кард.

Тавре аз котиботи КМИР хабар доданд, ин маъракаи интихоботӣ санаи 9-уми июн доир мегардад.

Нуриддин Саидов аввали моҳи январ ба мансаби вазири маорифи ҷумҳурӣ таъин шуда, ваколатҳои аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ-ро супурд.

Қобили зикр аст, ки палатаи болоии парлумони кишвар аз 33 нафар аъзо иборат буда, вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ 25 нафар аъзои Маҷлиси миллиро интихоб менамоянд ва 8 нафари дигар бо фармони президенти ҷумҳурӣ таъин карда мешаванд.

Ғайр аз ин, собиқ президентҳои Тоҷикистон агар ихтиёран аз ин ҳуқуқ даст накашанд, метавонанд якумр аъзои Маҷлиси миллӣ бошанд. Дар даъвати феълии Маҷлиси миллӣ собиқ президенти ҶТ Қаҳҳор Маҳкамов аз чунин ҳуқуқ бархӯрдор аст.

Муҳлати ваколати Маҷлиси Олӣ 5 солро ташкил медиҳад. Бо анҷоми ин муҳлат интихоботи нав гузаронида мешавад.