Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Карим Оғохони 4-ро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар мулоқот масоили вобаста ба рӯзгори исмоилиёни Тоҷикистон ва ҳолати кунунию дурнамои рушди ҳамкорӣ бо Созмони Оғохон оид ба рушд баррасӣ шуд.

Карим Оғохони 4 аз расман сабти ном шудани Маркази фарҳангии исмоилия дар шаҳри Душанбе ба Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуда, ин амалро нишонаи возеҳи озодии дину эътиқод ва таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон маънидод кард.

Ҷонибҳо аз натиҷаҳо ва муҳтавои ҳамкории бисёрсола, аз ҷумла доир ба ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои сершумори Тоҷикистон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, обрасонӣ, энергетика ва бунёди роҳу пулҳои мошингард, изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон густариши бештари робитаҳои судбахшро зарур донистанд.

«Аксари лоиҳаҳои Тоҷикистон, ки бо ҷалби сармоягузорӣ аз ҷониби Созмони Оғохон оид ба Рушд амалӣ шудаанд ва ё татбиқашон идома дорад, дорои аҳамияти минтақавӣ мебошанд, аз ҷумла ба нафъи мардуми Афғонистон ва дигар кишварҳои минтақа низ хизмат мекунанд»,- таъкид гардид зимни суҳбат.

Ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ таъкид намуданд.