Субҳи имрӯз вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаҳои Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар кард.
Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷаласҳои мазкур баррасии масоили марбут ба мавқеи усулии кишварҳо оид ба мушкилоти муҳиму рӯзмарраи таъмини амният дар ҷаҳону минтақа, андешидани чораҳои иловагӣ ҷиҳати ҳалли он ва тақвияти ҳамраъйиву муттаҳидӣ нисбат ба мавҷудияти таҳдидҳои берунӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Ҳамчунин ба рӯзномаи ҷаласаҳо дар Остона масоили роҳандозии бештар пурсамари ҳамкории мутақобилаи намояндагони доимии кишварҳои узви СААД дар созмонҳои байнулмилалӣ ва имзои Ёддошти ҳсуни тафоҳум миёни котиботи СААД ва департаменти амалиёти СММ оид ба таъмини сулҳ низ шомил шудаанд.
Сироҷиддин Муҳриддин дар Маскав аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирону донишҷӯёни тоҷик нигаронӣ кард
Вазорати маориф ва илм ҷузъиёти латукӯби омӯзгорро дар мактаби №8-и Ваҳдат гуфт
Данғараи Боло–Раҳмониён, Қирғизобод-Ҳазордеҳ, Қайрағоч-Қадамҷо. Номи беш аз 500 деҳа дар Тоҷикистон иваз шуд
Ӯзбекистон ба ҳамсояҳояш пешниҳод кард, шиносномаҳои дохилии ҳамдигарро эътироф кунанд. Ин чӣ маъно дорад?
Рақобати Муин Ғафуров дар UFC бо варзишгари Ҷопон, ки ҳоло таъми бохтро начашидааст
Ҷабҳаи муқовимат гуфт, дар ҳамла ба қароргоҳи Толибон дар Панҷшер 13 толиб кушта шуд
Латукӯби омӯзгор аз сӯи волидайни як хонанда дар Ваҳдат
Русия ба Тоҷикистон зиёда аз 370 ҳазор китоби дарсии забони русӣ дод
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Аждаҳои хуфта"
Нигаронии Қоҳир Расулзода аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста