Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбари раёсати Агентии энергетикии Олмон Штефан Колерро ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд. «Мо Ҷумҳурии Федеративии Олмонро яке аз шарикони асосии худ дар Аврупо медонем», - изҳор дошт зимни суҳбат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Тавре зикр гардид, ҳамшарикии Тоҷикистону Олмон, асосан дар сатҳи ҳамкорӣ бо мақсади таъмини рушди устувор сурат гирифта, соҳаи ҳаётан муҳими энергетикаро низ фаро гирифтааст.
Штефан Колер аз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорони Олмон ки моҳи декабри соли 2011 дар Берлин сурат гирифта буд ва он вақт ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум доир ба ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетика ёдовар шуда, бори дигар таъкид намуд, ки «азми Агентии энергетикии Олмон ба густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон устувор аст».
Штефан Колер изҳор дошт: «Баъди боздиди имрӯза аз нерӯгоҳи Норак андешаи ман дар бораи аҳамияти бузурги нерӯгоҳи Роғун, ки дар шароити монанд ба мавзеи Норак бунёд меёбад, боз ҳам қавӣ гардид ва ман минбаъд ширкатҳои олмониро ба иштирок дар татбиқи ин лоиҳа тарғиб хоҳам кард». Гузашта аз ин, ӯ таъкид дошт, ки «минбаъд мардуми Тоҷикистон метавонанд маро сафири энергетикии давлати худ дар Олмон бишуморанд».
Сарвари давлат ба ҷониби Олмон барои дастгирӣ ва мусоидат ба навсозии техникии иншооти гидроэнергетикӣ ва сохтмони нерӯгоҳҳои обию барқии хурд дар Тоҷикистон арзи сипос намуда, изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд чунин ҳамкорӣ тавсиа хоҳад ёфт.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба идомаи бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёнаи барқӣ, ташкили ҳамкорӣ дар самти истихроҷи нафту газ, истеҳсоли биогаз ва таҷҳизоти каммасрафи барқӣ сурат гирифт.
Таъкид гардид, ки густариши ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар соҳаи энергетика ба нафъи ҳарду давлат буда, ба рушди иқтисодӣ ва таҳкими амнияту суботи минтақавӣ низ мусоидат мекунад.
Бегоҳии ҳамон рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон Ҷоҷи Токеширо ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти ба поён расидани муҳлати фаъолияти Ҷоҷи Токеши дар Тоҷикистон ба кори сесолаи ӯ баҳои баланд дод.
Тавре иттилоъ дода шуд, аз соли 1998 ба ин сӯ аз ҷониби Бонки Осиёии рушд ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 860 миллион доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кӯмаки техникӣ ҷудо гардидааст, ки 350 миллиони он ба 3 соли охир рост меояд.
Ҷоҷи Токеши, ки минбаъд намояндаи Бонки осиёии рушд дар Афғонистон хоҳад буд, дар навбати худ изҳор дошт, ки минбаъд низ бо Тоҷикистон ҳамкории худро идома хоҳад дод.
Тавре зикр гардид, бисёр лоиҳаҳои сармоягузорӣ мавҷуданд, ки ба рушди ҳамкории минтақавии Тоҷикистону Афғонистон ва дигар кишварҳои минтақа равона гардидаанд ва Бонки осиёии рушд дар татбиқи онҳо иштироки фаъол хоҳад дошт.
Азми устувори Тоҷикистону Бонки осиёии рушд ба пайвастани шабакаҳои нақлиётию энергетикии Тоҷикистону Афғонистон бо Туркманистону Покистон, аз ҷумла доир ба кашидани хатҳои барқу газ ва бунёди роҳҳои оҳану мошингард, таъкид гардид.
Сироҷиддин Муҳриддин дар Маскав аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирону донишҷӯёни тоҷик нигаронӣ кард
Вазорати маориф ва илм ҷузъиёти латукӯби омӯзгорро дар мактаби №8-и Ваҳдат гуфт
Данғараи Боло–Раҳмониён, Қирғизобод-Ҳазордеҳ, Қайрағоч-Қадамҷо. Номи беш аз 500 деҳа дар Тоҷикистон иваз шуд
Ӯзбекистон ба ҳамсояҳояш пешниҳод кард, шиносномаҳои дохилии ҳамдигарро эътироф кунанд. Ин чӣ маъно дорад?
Рақобати Муин Ғафуров дар UFC бо варзишгари Ҷопон, ки ҳоло таъми бохтро начашидааст
Ҷабҳаи муқовимат гуфт, дар ҳамла ба қароргоҳи Толибон дар Панҷшер 13 толиб кушта шуд
Латукӯби омӯзгор аз сӯи волидайни як хонанда дар Ваҳдат
Русия ба Тоҷикистон зиёда аз 370 ҳазор китоби дарсии забони русӣ дод
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Аждаҳои хуфта"
Нигаронии Қоҳир Расулзода аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста