Шуъбаҳои аксари аҳзоби сиёсии расман дар вилояти Суғд фаъолиятдошта ба унвони сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон изҳорот қабул карда, аз онҳо даъват ба амал оварданд, ки оид ба танзими муносибатҳои байнидавлатӣ сари мизи гуфтушунид бинишинанд. Ба изҳорот ба ҷуз шуъбаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, дигар аксари аҳзоби сиёсӣ имзо гузоштанд.
Дар изҳорот аз қисман ба муҳосираи нақлиётӣ ва қатъи интиқоли газ даст задани кишвари ҳамсоя изҳори нигаронӣ карда мешавад. Намояндагони аҳзоби сиёсӣ зикр мекунанд, ки аз буҳрони муносиботи байнидавлатӣ мардуми ҳарду кишвар осебу азият дида, сарони кишварҳоро мебояд баҳри манфиати мардум ба истиқболи ҳамдигар шитобанд ва муколамаро оғоз намоянд.
Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» намояндаи Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Файзулло Файзиев аз он изҳори умедворӣ намуд, ки садои аҳзоби сиёсӣ аз ҷониби сарони кишварҳо ва ҷомеа дуруст қабул карда хоҳад шуд.
«Манфиатҳои ҷомеаву мардум бояд аз манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ ва дилмондагиҳои шахсӣ боло бошад. Ҳарду президент бояд ба истиқболи ҳамдигар бираванд. Яке аз қобилиятҳои махсуси шахсони бузург бахшандагии онҳост. Мо аз президентамон даъват мекунем, ки бо сафари расмӣ ба Тошканд рафта, тамоми нофаҳмиҳои ҷойдошта миёни давлатҳоро ҳаллу фасл созанд», - таъкид кард Файзиев.
Бино ба гуфтаи муалифони изҳорот, дар ин лаҳзаи ҳассос сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро мебояд хирадмандии сиёсӣ ва дурандешӣ зоҳир созанд.
Ҳамчунин дар изҳороти аҳзоби сиёсӣ аз намояндагиҳои СММ ва САҲА дар Тошканду Душанбе даъват мешавад, ки ба танзими муносибатҳо миёни кишварҳо мусоидат намоянд.
Муносибатҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон пас аз қатъи интиқоли газ ба Тоҷикистон ва хароб сохтани роҳи оҳани Тирмиз-Қӯрғонтеппа аз ҷониби Ӯзбекистон ба сардӣ гаравиданд.
Муфтии Тоҷикистон: “Касоне, ки назди ҷодугарон мераванд, кофир мешавад ва никоҳашон ботил мегардад”
“Талаби оташбас барои 30 рӯз ва мубодилаи асирон”. Мулоқоти ҳайатҳои Русия ва Украина дар Туркия оғоз ёфт
“Шиддати сиёсати муҳоҷират дар Русия боиси коҳиши вуруди муҳоҷирон гардид”
“Худоро фаромӯш накунед”. Абдурозиқ ба Душанбе баргашт ва бо “Азия-Плюс” мусоҳиба орост
Coca-Cola барои тағйироти нек рӯҳбаланд мекунад. Дар Тоҷикистон маъракаи “Бо кӣ ин Coca-Cola-ро тақсим мекунӣ?” оғоз ёфт
Боз як корхонаи насбу васл ва истеҳсоли мошинҳои зиреҳпӯш дар Данғара бунёд мешавад
Саидҷаъфар Усмонзода, Акбаршо Искандаров ва Шокирҷон Ҳакимовро ба зиндони Ваҳдат интиқол додаанд
Мусобиқаи давидан ва веломарафон дар Душанбе. Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд иштирок кунанд
Кишварҳои узви лоиҳаи CASA-1000 санади калидии кори низомҳои энергетикиро имзо карданд
Боз як қаҳрамонии муҳоҷир дар Русия. Ӯ се кӯдакро аз сӯхтор наҷот дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста