Эрон омода аст, ки ба Тоҷикистон баҳри раҳоӣ ёфтан аз буҳрони энергетикӣ кӯмак намояд, аммо Тоҷикистонро мебояд нахуст зербинои заруриро барои он омода созад.
«Эрону Тоҷикистон кишвари дӯсту бародар ва дорои забону фарҳанги ягонаанд ва мо ҳамеша омодаем, ки дар лаҳзаи мушкил ба ёрии дӯстонамон бишитобем», - гуфтанд ба ОИ «Азия-Плюс» дар сафорати Эрон дар Тоҷикистон.
Дар сафорат зикр карданд, ки барои пешниҳоди ин ё он кумак воситаи расонидани он зарур аст. «Айни замон интиқоли газу нафти Эрон ба Тоҷикистон ғайриимкон аст, зеро барои он лӯлаҳои интиқолӣ авҷуд нестанд», - таъкид доштанд дар намояндагии дипломатӣ ва илова намуданд, ки барои ноил гардидан ба ин имкон мутахассисони тоҷикро зарур аст, ки зерсохтори заруриро омода сохта, бо ҳамтоҳои эронии худ дар гуфтушунид бошанд.
Зимни вохӯрии чанде қабл доиргардидаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон дар Душанбе ҷонибҳо масъалаи сохтмони лӯлаи интиқоли газ миёни кишварҳоро баррасӣ карданд.
«Ҷониби Эрон ҳатто изҳор кард, ки хароҷоти қисмате аз сохтмон дар қаламрави Тоҷикистонро ба уҳдаи худ мегирад, аммо барои амалӣ гардидани ин тарҳ чандин сол зарур аст. Ба Тоҷикистон бошад, захираҳои энергетикӣ маҳз имрӯз заруранд. Аз ин рӯ, рӯйи тарзу воситаҳои дигари ба Тоҷикистон расонидани нафту гази Эрон ба Тоҷикистон мебояд ҷиддӣ андешаронӣ кард. Дар ҳама гуна ҳолат, Эрон Тоҷикистонро дастгирӣ хоҳад кард», - иброз доштанд дар сафорат.
Сироҷиддин Муҳриддин дар Маскав аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирону донишҷӯёни тоҷик нигаронӣ кард
Вазорати маориф ва илм ҷузъиёти латукӯби омӯзгорро дар мактаби №8-и Ваҳдат гуфт
Данғараи Боло–Раҳмониён, Қирғизобод-Ҳазордеҳ, Қайрағоч-Қадамҷо. Номи беш аз 500 деҳа дар Тоҷикистон иваз шуд
Ӯзбекистон ба ҳамсояҳояш пешниҳод кард, шиносномаҳои дохилии ҳамдигарро эътироф кунанд. Ин чӣ маъно дорад?
Рақобати Муин Ғафуров дар UFC бо варзишгари Ҷопон, ки ҳоло таъми бохтро начашидааст
Ҷабҳаи муқовимат гуфт, дар ҳамла ба қароргоҳи Толибон дар Панҷшер 13 толиб кушта шуд
Латукӯби омӯзгор аз сӯи волидайни як хонанда дар Ваҳдат
Русия ба Тоҷикистон зиёда аз 370 ҳазор китоби дарсии забони русӣ дод
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Аждаҳои хуфта"
Нигаронии Қоҳир Расулзода аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста