Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон изҳор медорад, ки сарфи назар аз фишор болои он, ҳар моҳ шумори аъзои ҳизб афзун мегардад. Танҳо дар моҳи март ба сафи ҳизб 300 нафар аъзои нав шомил гардиданд.
Чуноне аз қароргоҳи марказии ҲНИТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, аз шумори нафароне, ки моҳи март ба аъзогии ҳизб пазируфта шуданд, 65 дарсадашонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар ду моҳи аввали соли равон бошад, ба сафи ҳизб аз 120 то 160 нафар аъзои нав қабул карда шудааст. Бино ба маълумоти ситоди ҲНИТ, айни замон шумори умумии аъзои ҳизб 41 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Аз дафтари ҲНИТ ҳамчунин хабар доданд, ки моҳи март сафҳои ҲНИТ-ро 30 нафар тарк намудаанд. Мақомоти раҳбарии ҳизб дар робита ба ин масъала изҳор медорад, ки сафҳои ҳизбро тарк кардани аъзои он таҳти фишор ё ба ивази имтиёзҳои ваъдашуда сурат мегирад.
Дар яке аз ҷаласаҳои мақомоти раҳбарии ҲНИТ муовини раиси ҲНИТ, вакили парлумон Саидумар Ҳусайнӣ гуфт, сафҳои ҳизбро дар ҳолати ваъдаи пешниҳоди имтиёзҳо ва ё таҳти фишору тарсонидан тарк месозанд. «Ахиран тарзи дуюм бештар истифода мешавад. Мутобиқи ҳисоботи шуъбаҳои ҳизб дар шаҳру навоҳӣ, аъзои ҳизби моро таҳдиду фиреб мекунанд ё ба онҳо ваъда медиҳанд, ки дар сурати аз сафи ҲНИТ хориҷ шудан, ба онҳо қитъаҳои замин ҷудо карда мешавад», - гуфтааст вай дар ҷаласа.
Ба қавли номбурда, рӯз то рӯз зиёд шудани шумори аъзои ҳизб бозгӯи заифии ҳукуматдорон аст, зеро агарчанде барои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон тамоми шароитҳо муҳайё бошанд ҳам, он аз уҳдаи таъмини ҳаёту рӯзгори шоиста барои аҳолӣ баромада наметавонад.
«Аҳолӣ бо барқу газу оби нӯшокӣ мунтазам таъмин нест, роҳҳо харобу қисмати аъзами аҳолӣ муҳоҷирати кориро ихтиёр кардаанд ва аз ин рӯ, акнун мардум бо умед рӯ ба ҲНИТ овардаанд», - иброз доштааст Ҳусайнӣ.
Сироҷиддин Муҳриддин дар Маскав аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирону донишҷӯёни тоҷик нигаронӣ кард
Вазорати маориф ва илм ҷузъиёти латукӯби омӯзгорро дар мактаби №8-и Ваҳдат гуфт
Данғараи Боло–Раҳмониён, Қирғизобод-Ҳазордеҳ, Қайрағоч-Қадамҷо. Номи беш аз 500 деҳа дар Тоҷикистон иваз шуд
Ӯзбекистон ба ҳамсояҳояш пешниҳод кард, шиносномаҳои дохилии ҳамдигарро эътироф кунанд. Ин чӣ маъно дорад?
Рақобати Муин Ғафуров дар UFC бо варзишгари Ҷопон, ки ҳоло таъми бохтро начашидааст
Ҷабҳаи муқовимат гуфт, дар ҳамла ба қароргоҳи Толибон дар Панҷшер 13 толиб кушта шуд
Латукӯби омӯзгор аз сӯи волидайни як хонанда дар Ваҳдат
Русия ба Тоҷикистон зиёда аз 370 ҳазор китоби дарсии забони русӣ дод
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Аждаҳои хуфта"
Нигаронии Қоҳир Расулзода аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста