Чанде қабл раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бо сафирони Иёлоти Муттаҳидаи Амрикову Русия Кеннет Грос ва Юрий Попов мулоқот анҷом дод.
Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, дар мулоқот бо сафири ИМА тарафҳо масоили марбут ба фаъолияти ҲНИТ, вазъи кишвар ва минтақаро баррасӣ намуданд. Инчунин, вазъи озодиҳои динӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон, муносибатҳои ҳукумат бо ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷумла, ҲНИТ дар ин чанд моҳи охир аз мавзўъҳои асосии ин дидор ва мулоқот буд.
Дар вохӯрии Муҳиддин Кабирӣ бо сафири Федератсияи Росия дар Тоҷикистон Юрий Попов барнома, аҳдоф ва дурнамои фаъолияти ҲНИТ аз мавзўъи аслии вохўрӣ буд. Инчунин, масъалаи тақвияти иртибототи фарҳангӣ ва маънавӣ байни ҲНИТ ва мусалмонони Русия баррасӣ гашт. Тарафҳо ба хулоса омаданд, ки иртибототи бештари фарҳангӣ ва маънавӣ боиси таҳкими бештари дўстии миллатҳо ва кишварҳо мегардад. Ба хусус, ҳамкории созмонҳои муътадил ва қонунмеҳвари ду кишвар боиси пешгирии ифротгароӣ ва андешаҳои тунди миллӣ ва мазҳабӣ дар Русия ва Тоҷикистон хоҳад буд.
Суманак – сӣ малак? Аз ривоятҳо то ҳақиқати суманак
Наврӯз-бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 марти соли 2025
Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад?
Таъкиди раиси ҷумҳур ҳам асар накард? “Маршировка”-и садҳо донишҷӯй дар Хуҷанд барои таҷлили ҷашни Наврӯз
Ду рӯз пеш аз солгарди ҳамла ба “Крокус”. Муҳлати ҳабси гумонбарони асосӣ ду моҳи дигар тамдид шуд
Баҳорро бо пойгоҳҳои нави базавӣ пешвоз мегирем!
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Суғд чӣ гуна таҷлил мешавад?
Наврӯз муборак! Дар Тоҷикистон Соли нави хуршедӣ фаро расид
Ҳалли масоили сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон – намунаи беназир дар шароити кунунии ҷаҳонӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста