Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ёвари дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ), роҳбари ҳайати Комиссияи олии СММ оид ба татбиқи ташаббуси «Энергияи устувор барои ҳама» Луис Горатсио Гомес Ечеверри-ро ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону СММ, пеш аз ҳама дар соҳаи обу энергетика ва таъмини рушди устувор, баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон иқдоми Дабири кулли СММ – ро доир ба «Энергияи устувор барои ҳама» «идомаи мантиқии саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин самт» номида, аз пазируфта шудани Тоҷикистон чун яке аз 5 кишвари пилотӣ (озмоишӣ) дар ин барнома изҳори хушнудӣ намуд.
Хотиррасон гардид, ки тибқи иқдоми «Энергияи устувор барои ҳама» ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд то соли 2030 ба 3 ҳадафи асосӣ дастёб шавад. Инҳо дастрасии умумӣ ба энергия, ду баробар зиёд шудани фоида аз самарабахшии энергетикӣ ва ду баробар афзун намудани истеҳсоли энергияи таҷдидшаванда дар ҷаҳон мебошанд. Дар ин муддат бояд дастрасӣ ба нерӯи барқ барои 1,3 миллиард нафар ва ба сӯзишворӣ барои 2,7 миллиард кас аз аҳолии сайёра, ки ҳоло аз ин неъматҳои моддӣ маҳруманд, таъмин гардад.
Луис Горатсио Гомес Ечеверри ба иқдомҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаҳои обу энергетика ва дастрасӣ ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд низ ин кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ фаъолу ташаббускор хоҳад буд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки Тоҷикистон чун кишвари пилотӣ (озмоишӣ) дар татбиқи иқдоми «Энергияи устувор барои ҳама» дар амалӣ намудани барномаҳои энергетикии худ аз кумакҳои фаровони ҷомеаи ҷаҳонӣ бархӯрдор хоҳад буд, зеро мардуми кишвар ба нерӯи устувори барқ дар ҳамаи фаслҳои сол дастрасӣ надоранд.
Мусоҳибон ба дурнамои рушди соҳаи гидроэнергетикаи Тоҷикистон баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки он яке аз манбаъҳои асосии энергияи таҷдидшаванда ва аз ҷиҳати экологӣ тозаю безарар мебошад.
Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваччуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.
Сироҷиддин Муҳриддин дар Маскав аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирону донишҷӯёни тоҷик нигаронӣ кард
Вазорати маориф ва илм ҷузъиёти латукӯби омӯзгорро дар мактаби №8-и Ваҳдат гуфт
Данғараи Боло–Раҳмониён, Қирғизобод-Ҳазордеҳ, Қайрағоч-Қадамҷо. Номи беш аз 500 деҳа дар Тоҷикистон иваз шуд
Ӯзбекистон ба ҳамсояҳояш пешниҳод кард, шиносномаҳои дохилии ҳамдигарро эътироф кунанд. Ин чӣ маъно дорад?
Рақобати Муин Ғафуров дар UFC бо варзишгари Ҷопон, ки ҳоло таъми бохтро начашидааст
Ҷабҳаи муқовимат гуфт, дар ҳамла ба қароргоҳи Толибон дар Панҷшер 13 толиб кушта шуд
Латукӯби омӯзгор аз сӯи волидайни як хонанда дар Ваҳдат
Русия ба Тоҷикистон зиёда аз 370 ҳазор китоби дарсии забони русӣ дод
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Аждаҳои хуфта"
Нигаронии Қоҳир Расулзода аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста