Шуъбаи Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон низ ба фаъолият оғоз намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ташкилоти «Созандагони Ватан» Адҳам Мирсаидов хабар дод, ҳафтаи равон дар шаҳри Хоруғ маҷлиси таъсисотии шуъбаи вилоятӣ баргузор гардида, дар он Руслан Шодиқов раиси шуъба интихоб шуд, ки ҳамзамон узви Шӯрои олӣ дар назди Дастгоҳи марказии ҳизб низ мебошад.

«Аз ин ба баъд шуъбаҳои ҷиноҳи ҷавонони ҲХДТ дар саросари ҷумҳурӣ амал мекунанд», - таъкид кард раиси ташкилот.

Ёдрас мекунем, ки Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и ҲХДТ моҳи апрели соли гузашта таъсис дода шуда, моҳи ноябр дар Вазорати адлия сабти ном шуд. Айни замон шумори аъзои ташкилот ҳудуди 8 ҳазор нафар ҷавононро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, ҳудуди 52 ҳазор нафар аъзои ҷавони ҲХДТ низ ба сафҳои ташкилоти «Созандагони Ватан» шомил шуданд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он 160 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.