Замоне, ки дар манотиқи дигари сайёра кишварҳо баҳри ҳалли мушкилоти пайдошуда бо ҳам муттаҳид мешаванд, давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ баръакс аз ҳамдигар торафт дур мешаванд, - гуфт зимни ироаи паёми ҳамасола ба парлумон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
«Мо ба ивази муштаракан ҳал кардани мушкилот, ба гусастани робитаҳо дар минтақаи худ машғулем», - изҳор кард президенти ҶТ.
Ба гуфтаи ӯ, ахиран сарусадову моҷаро асосан сари масъалаи захоири обиву энергетикӣ авҷ гирифтаанд. «Дар Тоҷикистон беш аз 60%-и захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд, - таъкид кард президент. – Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ барои ҳамсоякишварҳо дар мавриди дастрасӣ ба захираҳои обӣ мушкиле эҷод накардааст ва минбаъд низ ба ин амал даст заданӣ нест. Захираҳои обии мо барои ҳамаи кишварҳои минтақа кофист».
Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки тамоми лоиҳаҳои минбаъд дар Тоҷикистон амалишаванда бо назардошти манфиатҳои кишварҳои минтақа татбиқ хоҳанд шуд. «Масалан, агар мо нерӯгоҳҳои барқиву обӣ бунёд кунем, онҳо минбаъд дар баробари Тоҷикистон дигар кишварҳоро низ бо нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаву бехатар таъмин хоҳанд кард», - иброз дошт ӯ ва илова намуд, ки имрӯз дар Афғонистону Покистон ба чунин энергия ниёз доранд.
«Агар ба таҳлили вазъи иқтисодии минтақа назар андозем, метавон ба хулоса расид, ки дар сурати истифодаи умумии имконот ва иқтидорҳои мавҷудаи минтақа, онҳо натанҳо барои таъмини талаботи кишварҳои худи минтақа, балки барои афзудани ҳаҷми содироти он низ басандаанд», - афзуд сарвари давлат.
“Танҳо ба тафтишоти боадолатона умед дорем”. Нигаронии пайвандони гумонбарони кушторҳо дар Конибодом аз сарнавишти боздоштшудагон
Боздошти се ҷавон дар пойтахт бо гумони интиқоли 16 кг маводи мухадир ба хориҷи кишвар
Поквиҷдону меҳрубон. Ёде аз забоншиноси маъруф Баҳриддин Камолиддинов
Афзоиши содироти хушкмева. Тоҷикистон ба куҷо ва чӣ қадар хушкмева фурӯхт?
Амрико теъдоди ғолибони “Green Card-2025”-ро эълон кард. Аз Тоҷикистон чанд кас баранда шуд?
Ду нафар ҳалок шуданд. Дар бинои баландошёнае дар Душанбе 4 мард ба замин афтоданд
Соли гузашта муҳоҷирон $5,8 млрд ба Тоҷикистон фиристодаанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Намаки бобоӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2025
Сафорати Арабистони Саудӣ сабаби ихроҷи Тоҷикистон аз феҳристи кишварҳо барои дарёфти “eVisa”-ро шарҳ дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста