Имрӯз вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо сафари дурӯзаи корӣ ба Тоҷикистон меояд. Сафари вазири корҳои хориҷии Русия дар остонаи 20-умин солгарди роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Русия, ки 8-уми апрели соли 1992 барқарор шуда буданд, сурат мегирад.
Дар доираи сафари С.Лавров ба Душанбе дидору гуфтушунинди ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва дигар намояндагони мақомоти раҳбарии Тоҷикистон дар назар аст.
Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Ваорати корҳои хориҷии Русия, дар гуфтушунидҳо баррасии масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсиву иқтисодӣ ва гуманитарӣ ва ҳамчунин самтҳои муҳими ҳамкорӣ дар сохторҳои минтақавӣ, аз қабили ИДМ, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) ва Созмони ҳамкории Шанхай ба нақша гирифта шудааст.
«Дар Русия мутмаинанд, ки сафари расмии вазири корҳои хориҷии Русия ба Тоҷикистон ба таҳкими муносибатҳои дӯстона ва шарикии сатратегӣ миёни кишварҳо саҳми арзанда хоҳад гузошт», - таъкид мегардад дар хабар.
Ёдрас мекунем, ки дар маросими ифтитоҳи бинои Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии МИСиС дар шаҳри Душанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Русияро шарики асосии стратегии Тоҷикистон номбар карда, аз Русия даъват карда буд, ки манфиатҳои Тоҷикистонро ба инобат гирад. Ба гуфтаи сарвари давлати Тоҷикистон, Русия дар Тоҷикистон дорои иншоотест, ки дар дигар кишварҳои минтақи Осиёи Марказӣ мавҷуд нест. Ба сифати мисол Э.Раҳмон пойгоҳи низомии 201-ум ва маҷмааии кайҳонии «Окно»-ро номбар кард.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, Русия шарики пешсафи тиҷоратии Тоҷикистон мебошад. Ҳамин тариқ, аз рӯйи натиҷаҳои соли 2011 ҳаҷми муомилоти молӣ миёни кишварҳо беш аз 1 млрд. 36 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки 961 млн. доллараш ба воридоти маҳсулот аз Русия рост меояд.
Беш аз 22 млн сомонӣ. Ҳизбҳои ба парлумон роҳёфта аз буҷаи давлат чанд сомонӣ мегиранд?
Соҳибтаҷрибае бо донишҳои муосир мусаллаҳ. Рӯзноманигори шинохта Илҳом Ҷамолиён 65-сола шуд
Дар семоҳаи аввали сол ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон кам шуд
“Охирин монеа бартараф шуд”. Толибон аз қарори хориҷи номи ин гурӯҳ аз рӯйхати созмонҳои мамнӯи Русия истиқбол карданд
Дар Тоҷикистон 17 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд
Як духтари 10-сола дар дарёи Вахш ғарқ шудааст. Наздиконаш барои дарёфти ӯ мадад мепурсанд
Муборизаи 128 варзишгар барои дарёфти ҷоми шаҳрдори Душанбе
“Парасту-2025”. Намоишномаҳои “Ахтаре дар Хатлонзамин” ва “Келини ҷойдорӣ” ба бинанда чӣ паём доштанд?
"Толибон" дар Русия дигар созмони террористӣ нест. Додгоҳ ин гурӯҳро аз рӯйхати созмонҳои мамнуъ берун кард
Муҳоҷирон аз ҳисоби супоридани имтиҳон ба буҷаи Русия 2,5 млрд рубл фоида овардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста