Аз рӯйи натоиҷи гуфтушуниди вазири корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия ва Сергей Лавров миёни кишварҳо ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид, - хабар медиҳад CA-News бо истинод ба манбаъ аз ҳайатҳои давлатҳо.

Миёни кишварҳо Созишнома дар бораи ҳамкории минтақаҳои ду кишвар ва барномаи ҳамкории Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия барои соли 2012 ба тасвиб расид.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории ИТАР-ТАСС менависад, зимни мулоқт бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Русия таъкид кардааст, ки Русияву Тоҷикистон шарикони стратегианд.

«Мутмаинем, ки ҳамкории мо минбаъд низ баҳри истифодаи тамоми имкониятҳо шароит фароҳам меорад», - таъкид кардааст сарвари давлати Тоҷикистон. Ҳамчунин С.Лавров идомаи муколамаи пурсамарро муҳим арзёбӣ кардааст.

Шоми дирӯз ба Душанбе бо сафари расмӣ Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров омад.

Пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон ва вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ С.Лавров инчунин ба Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон ва Бунёди “Русский мир” ташриф хоҳад овард.

Сафари вазири корҳои хориҷии Русия дар остонаи 20-умин солгарди роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Русия, ки 8-уми апрели соли 1992 барқарор шуда буданд, сурат мегирад.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Ваорати корҳои хориҷии Русия, дар гуфтушунидҳо баррасии масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсиву иқтисодӣ ва гуманитарӣ ва ҳамчунин самтҳои муҳими ҳамкорӣ дар сохторҳои минтақавӣ, аз қабили ИДМ, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) ва Созмони ҳамкории Шанхай ба нақша гирифта шудааст.