Дар даҳаи дувуми моҳи августи соли 2012 дар шаҳри Маккаи Мамлакати Арабистони Саудӣ нишасти коршиносони Аршади кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ, нишасти ғайринавбатии вазирони корҳои хориҷии аъзои Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ ва нишасти ғайринавбатии сарони кишварҳои аъзои Созмонӣ Ҳамкориҳои Исломӣ таҳти унвони «Ҳамраъйи исломӣ - ҳамбастагии исломӣ» баргузор хоҳад гашт.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар нишастҳои мазкур ҷониби тоҷикистонӣ зери роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ муҳтарам Ҳамрохон Зарифӣ дар ҳайъати муовини Вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидов, Раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов, Сардори Раёсати кишварҳои Осиё ва Африкаи Вазорат Ардашер Қодирӣ ва Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мамлакати Арабистони Саудӣ Абдулло Юлдошев иштирок хоҳад кард.
Маврид ба зикр аст, ки дар нишасти вазирони корҳои хориҷии аъзои Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ ва нишасти сарони кишварҳои аъзои Созмонӣ Ҳамкориҳои Исломӣ Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва дар нишасти коршиносони Аршади кишварҳои Аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ муовини вазир Низомиддин Зоҳидов ва Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мамлакати Арабистони Саудӣ Абдулло Юлдошев ширкат меварзанд.



Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 марти соли 2026
Кадом беморон беҳтар аст, рӯза надоранд ва ҳангоми рӯзадорӣ кадом маризиҳо метавонанд хурӯҷ кунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста