Аввали ҳафтаи равон мақомоти шаҳрдории Душанбе нисбат ба раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили палатаи поёнии парулмони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ даъво пеш овард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти мақомоти шаҳрдории пойтахт Абдусалим Ҷӯраев хабар дод, суханронии Муҳиддин Кабирӣ дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумон зимни баррасии лоиҳаи қонун «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» ба даъво пеш овардан боис шудааст.
Яке аз муаллифони лоиҳаи қонун Маҳмадшариф Ҳақдодов зимни шарҳи қонун изҳор карда буд, ки қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоии таъмини ҳифзи ҳавои атмосфераро дар кишвар муайян ва муносибатҳои мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, шаҳрвандон, ташкилоту иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва корхонаву муассисаҳоро дар таъмини амнияти экологӣ танзим менамояд. Ба қавли ӯ, дар қонун ҳамчунин баргузории мониторинг оид вазъи ҳавои атмосфера ва дар сурати ошкор гардидани ҳолатҳои қонуншиканӣ, ба шахсони масъул ҷавобгарӣ низ пешбинӣ шудааст.
Зимни суханронӣ дар ҷаласаи ёдшуда Муҳиддин Кабирӣ аз сатҳи пасти фарҳанги экологӣ сухан гуфта, илова намуд, ки дар пойтахт касе ба буридани дарахтону буттаҳо таваҷҷуҳ зоҳир намесозад ва ин кор хусусияти доимиро ба худ касб намудааст. «Дар Душанбе ба ивази гулгашту хиёбонҳо биноҳои оҳану бетонӣ қомат меафрозанд, ки ба низоми экологии шаҳр мушкилот эҷод месозанд», - гуфта буд раиси ҲНИТ.
Мақомоти шаҳрдории пойтахт ба ин хулосаи вакили парлумон мувофиқ набуда, дар даъвои худ ба суд талаб кардааст, ки М.Кабирӣ расман аз мақомоти шаҳрдорӣ узр бипурсад.
«Дар Душанбе буридани дарахту буттаҳо дар асоси қарори раиси шаҳр сурат мегирад, ки ин қарор бо пешниҳоду тавсияи Раёсати ҳифзи муҳити зист қабул мегардад», - иброз дошт А.Ҷӯраев.
Дар ҳамин ҳол ӯ қотеъона ба таври оммавӣ дар пойтахт буридани дарахту буттаҳоро рад кард.




Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Қариб 290 шаҳрванди Тоҷикистон то шоми 6-уми март аз Эрон берун шудаанд
“Беморон ранҷ кашиданд”. Нақли тоҷиконе, ки дар авҷи ҷанг аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 марти соли 2026
Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста