Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар шаҳри Париж вохӯрии намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО, сафир Рустамҷон Солиев бо мудири кулли ЮНЕСКО Ирина Бокова баргузор гардид.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни сӯҳбат ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ЮНЕСКО муҳокима намуданд.
Ирина Бокова тамоюли устувори робитаҳои зудинкишофёбандаи байни ЮНЕСКО ва Тоҷикистонро махсус қайд кард.
Ҳамсӯҳбатон мавзӯъҳои мубрами ҳамдастии Тоҷикистонро бо ЮНЕСКО, аз ҷумла масъалаи ворид намудани ёдгориҳои моддӣ ва ғайримоддии Тоҷикистон ба Рӯйхати мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО, инчунин лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм ва фарҳангро матраҳ карданд.
Р. Солиев ва И. Бокова имконияти иштироки намояндагони Тоҷикистонро дар коромӯзиҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат дар ЮНЕСКО, аз ҷумла дар курсҳои омӯзишӣ бо мақсади омодасозии гузаронидани ҳаргуна конфронсҳо ва форумҳо дар ҳошияи Созмон баррасӣ намуданд.



Идомаи ҳамлаҳои шадид ба Теҳрону Тел-Авив ва изҳороти ду тараф дар бораи поёни ҷанг. Шабонарӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Дар 31 муассисаи Тоҷикистон хонандагон дар се баст таҳсил мекардаанд
Чин дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 9 иншооти сарҳадӣ месозад
Сарфи назар аз афзоиши содирот, касри тавозуни савдои Тоҷикистон зиёд шудааст
“Намоде аз вафодорӣ ба пешаи интихобкардааш”. Тоҷинисо Саидоваро дар оромгоҳи Лучоб ба хок супориданд
Сафири Эрон дар Душанбе: “То охир мубориза мебарем ва таслим нахоҳем шуд”
Дар Тоҷикистон ду рӯз ҳаво сард шуда, борону барф пешбинӣ мешавад
Кумитаи рушди сайёҳӣ мегӯяд, дар намоишгоҳи "ITB Berlin 2026" зиёда аз 20 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст
“Сомон Эйр” парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе барқарор мекунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 42
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста