Имрӯз дар Арманистон маъракаи интихоботи президентӣ доир мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон иттилоъ доданд, намояндагони Тоҷикистон - раиси Кумита оид ба масоили аграрӣ ва экологии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Саиди Ёқубзод, муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон Саидбой Зокиров ва узви ин комиссия Нурулло Маҳмадуллоев ба сифати нозирон дар ин маъракаи интихоботӣ ҳузур хоҳанд дошт.
Ба ҳайати маъмурияти нозирон аз кишварҳои ИДМ дар маъракаи интихоботи президенти Арманистон 212 нафар нозирон шомиланд.. Расонаҳои хабарии Арманистон иттилоъ медиҳанд, ки дар рӯзи интихобот ноззирони ИДМ дар ҳамаи 41 ҳавзаи интихоботӣ рафти интихоботро мавриди назорат қарор медиханд. Хулосаҳои худро дар мавриди натоиҷи назорат, маъмурият дар нишасти матбуоти, ки 19-уми феврал ба нақша гирифта шудааст, эълон медорад.
Ба ишғоли курсии сарвари давлати Арманистон 8 нафар номзадон сабти ном шудаанд. Тибқи назарсанҷиҳо, президенти амалкунандаи Арманистон Серж Саргсян метавонад аз 68,6 то 72%-и раъйи интихобкунандагонро ба даст орад.




Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 38
Муҳоҷирати меҳнатии бехатар. Чӣ гуна метавон аз доми фиреби қаллобон эмин буд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 декабри соли 2025
Вакилони парлумон қонунеро қабул карданд, ки барои воридоти аккумулятор пули “утилизатсия” ситонида мешавад
Нокомии ҷудокорони тоҷик дар “Tokyo Grand Slam 2025”. Онҳо аз Ҷопон бемедал бармегарданд
КҲФ марги як зану шавҳар дар Рашт бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштро тасдиқ кард
Таъини ҷазо барои истеҳсоли “криптовалюта” бо истифода аз “барқи дуздӣ”
Марги як корманди пешини ҳукумати Исфара ҳамроҳи ҳамсар ва духтараш дар пайи заҳролудшавӣ
Дар Тоҷикистон чеҳраи нафақахӯронро шиносоӣ мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста