Ёвари Котиби давлатии ИМА оид ба масъалаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейк имрӯз бо сафари серӯзаи корӣ ба Тоҷикистон меояд. Дар ин бораи департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нимаи дуюми имрӯз Роберт Блейк бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтушунид анҷом медиҳад.

Дар мулоқоти мазкур баррасии дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону ИМА дар назар аст. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо аз ҷумла атрофи масоили имконоти амалисозии стратегияи «Роҳи нави Абрешим»-и ИМА дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин вазъи кунунӣ дар Афғонистон табодули назар хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол, шабакаи иттилоотии «Роҳи абрешим» бо истинод ба хадамоти матбуоти департаменти давлатии ИМА менависад, зимни ин сафар Р.Блейк ҳайати ИМА дар ҷаласаи нимсола дар чаҳорчӯби машваратҳои дуҷонибаи ҳамасолаи Тоҷикистону Амрикоро сарварӣ хоҳад кард.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни сафар ёвари Котиби давлатии ИМА ҳамчунин бо шахсони расмии воломақоми ҳукумати Тоҷикистон, намояндагони доираҳои тиҷоратии маҳаллӣ ва ҳамчунин роҳбарони ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дидору гуфтушунид хоҳад кард.