Имрӯз таҳти раёсати Раиси Комиссияи доимамалкунандаи назди Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ оид ба кор бо занон, муовини сарвазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова машварати корӣ баргузор гардид.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, дар машварат аъзои комиссияи мазкур, вакилони мардумӣ Назира Ғаффорова, Галия Рабиева, Хайринисо Юсуфӣ, Марҳабо Ҷабборова, Махфират Хидирова, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағоева ва дигарон иштирок доштанд.
Раиси Комиссия Руқия Қурбонова таъкид намуд, ки бо мақсади сазовор таҷлил намудани 20-солагии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи модар ва Иди Наврӯз аз ҳисоби занони фаъоли ҳизб дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гуруҳҳои корӣ таъсис дода, бо қишрҳои мухталифи ҷомеа вохӯрию мулоқотҳо доир намоянд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки аз васоити ахбори омма ва шабакаҳои интернетӣ ба таври васеъ истифода карда, дастовардҳои ҷумҳуриро таблиғу ташвиқ намоянд.
Дар ҷаласа таъкид шуд, ки ҳангоми вохӯрию мулоқот бо шаҳрвандон оид ба пешгирӣ намудани амалҳои номатлуб аз қабили худкушӣ, худсӯзӣ, содири ҷиноят аз ҷониби занон, ҷалби духтарон ба мактаб, ҷудошавии оилаҳо, пешгирӣ намудани бемориҳои ВИЧ СПИД, нашъамандӣ ва ғайра сӯҳбатҳо доир намоянд.
Дар машварати кории Комиссия Муовини якуми раиси ҲХДТ Сафар Сафаров ширкат варзида, оид ба фаъолияти назарраси занони фаъоли ҷумҳурӣ, ба хусус аъзои ҳизб ибрози ақида намуд ва аз ҷумла зикр кард, ки бо мақсади баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии мардум лозим аст, ки ҳар чи бештар муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» фаҳмонда шавад.
Дар ниҳояти машварат Раиси Комиссия Руқия Қурбонова перомуни мусоидатҳои ҳукумат дар мавриди баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва проблемаҳои дигари ҳаёти иҷтимоию сиёсии занон изҳори андеша намуда, таваҷҷӯҳро ба он ҷалб кард, ки ҳамаи мушкилоти бонувон ҳалшавандаанд. Барои ин кўшишу талоши тамоми табақаҳои ҷомеа бояд сафарбар карда шаванд.




Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Орун Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода ба Тоҷикистон меоянд. Консерти онҳо кай ва дар куҷо мегузарад?
Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд
Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд
Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 38
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста