Шӯрои сиёсии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ вазъи сиёсии кишварро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода, дар мавриди такроран пешниҳод намудани лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба қонуни интихоботи президентӣ ба Маҷлиси намояндагон тасмим гирифт.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ҲНИТ, Шӯрои сиёсии ҲНИТ ба вакилони ҳизб дар парлумон супориш дод, ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва дар машварат бо гурӯҳи тадорукот оид ба тағийиру иловаҳо ба қонуни мазкур лоиҳаи мазкурро бо дарназардошти диду назарҳои баҳсшуда дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон бори дигар пешниҳод намоянд.

Ба иттилои манбаъ, инчунин ҳайати наверо ҷиҳати омӯхтани бандҳои алоҳидаи баъзе қонунҳо ва омода кардани лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба онҳо, бахусус қонун дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ ва қонун дар бораи масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд таъсис дод.

Ёдрас мекунем, ки дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров санаи 21-уми январи соли равон тағйироти пешниҳодшуда аз ҷониби Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба қонун «Дар бораи интихоботи президенти Тоҷикистон» рад карда шуд.

Ҳамчунин чанде қабл дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали раиси ҲНИТ, вакили палатаи поёнии парлумон Саидумар Ҳусайни изҳор кард, ки намояндагони ҳизб дар парлумон баҳри қабули тағийрот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи интихобот» дар чаҳорчӯби қонунгузорӣ аз тамоми имконоти мавҷуда истифода хоҳанд кард.