Рӯзи 21-уми феврали соли 2013 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи тафсири солонаи машваратҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҳайати расмии Тоҷикистонро дар машваратҳои мазкур Вазири корҳои хориҷӣ роҳбарӣ намуд. Инчунин дар ҳайати Тоҷикистон намояндагони мақомоти давлатии дахлдори кишвар ҳузур доштанд.

 Роҳбари ҳайати америкоӣ Муовини Котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ буд. Дар ҳайати америкоӣ Сафири ИМА дар Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ шомил буданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, иқтисод ва тиҷорат, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, обу энергетика, вазъи ҳуқуқи инсон, амнияти сарҳад ва мубориза бар зидди маводди мухаддир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Инчунин, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои рушди инфрасохтори наздисарҳадӣ ва бозсозии роҳҳо ва масъалаҳои обию экологӣ муҳокима гардиданд. Ғайр аз ин ҷонибҳо масъалаҳои мубодилаи фарҳангӣ ва таълимиро мавриди назар қарор доданд.

Аз ҷумла, таъкид гардид, ки густариши робитаҳои дарозмуддати босуботи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳидаи Америка ба манфиатҳои ҳар ду кишвару миллат ҷавобгӯ буда, ба таҳкими сулҳу субот ва тараққиёт дар минтақа мусоидат менамояд.

Дар анҷоми машваратҳо, Вазири корҳои хориҷӣ аз натиҷаҳои вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки формати муколамаи имрӯза ба ҷонибҳо имкон медиҳад, то мавқеъ ва нуқтаи назари вазъи муносибатҳои дуҷонибаро баён намуда, роҳҳои пешравии он муносибатро муайян кард.