Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди боғи нави Наврӯзгоҳ, ки дар майдони зиёда аз 10 гектар замини назди Наврӯзгоҳи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе доман паҳн мекунад, асос гузошта, мардуми ҷумҳуриро ба вусъати корҳои ниҳолшинонию кабудизоркунӣ ҳидоят намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, аз субҳи барвақт дар мавзеи бунёди боғи нави Наврӯзгоҳ аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мутахассисони варзидаи боғпарвар шумораи зиёди дарахтони нодиру камёфти калонҷуссаи ороишию сояафкан шинонда шуд.
Тавре аён гардид, боғи навбунёди Наврӯзгоҳ дар майдони зиёда аз 10 гектари саҳни даромадгоҳ ва атрофи Наврӯзгоҳи ҷумҳуриявии пойтахт доман паҳн менамояд.
Дар боғи нави Наврӯзгоҳ, асосан дарахтони бисёрсолаи магнолияи ҳамешасабз, магнолияи бунафш, кастона ё худ каштан, булут, шоҳбулут, фарки сурхбарг ва пихтаю дигар навъҳои беҳтарини ниҳолҳои сӯзанбарг шинонда мешаванд.
Тибқи нақша боғи Наврӯзгоҳ ба ғайр аз қитъаҳои зебои дарахтони нодири ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳо, ҳамчунин аз як шаршараи боҳашамат, фаввораҳо, майдончаҳои бозию дилхушии кӯдакон ва ғайра иборат хоҳад буд.
Боғи нави Наврӯзгоҳ аз тариқи роҳравҳои ду ҷониби ин шаршараи зебо бо боғи Нишони давлатии Тоҷикистон пайваст шуда, ба ансамбли биноҳо ва боғу майдониҳои маркази шаҳри Душанбе, ки аз Китохонаи миллӣ, пайкараи Исмоили Сомонӣ, боғи Рӯдакӣ, боғу майдони Парчамии давлатии Тоҷикистон, Осорхонаи миллӣ ва биноҳои дигари маъмурию фарҳангӣ иборат аст, ҳусни тоза зам менамояд.




Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Орун Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода ба Тоҷикистон меоянд. Консерти онҳо кай ва дар куҷо мегузарад?
Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд
Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд
Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 38
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста