Дар Варшава намояндаи Тоҷикистон ба иттиҳоми ҳомиёни ҳуқуқи байнулмилалӣ ва намояндагони Ҳизби фаъолияташ манъшудаи наҳзати исломӣ, ҳамчунин «Гурӯҳи 24» посух гуфта, онҳоро шарикони созмони террористии «Давлати исломӣ» номид.
«Дар робита ба даст доштан дар ошӯби мусаллаҳонаи собиқ муовини вазири мудофиаи Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода, санаи 29 сентябри соли 2015 Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон террористӣ ва ифротгаро эътироф шуда, ин пурра ба санадҳои байнулмилалии СММ оид ба мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоиандозӣ мутобиқ аст», - изҳор намуд намояндаи Тоҷикистон зимни суханронӣ дар машварати САҲА оид ба ченаки иноснӣ, ки дар Варшава ҷараён дорад.
Ӯ хотиррасон намуд, ки 4 сентябри соли 2015 гурӯҳи мусаллаҳ бевосита бо иштироки фаъолони ҲНИТ ба кӯшиши табаддулоти давлатӣ даст заданд, ки дар натиҷа 14 нафар кормандони мақомоти интизомӣ ҳалок ва 19 нафар маҷрӯҳ шуда, дар маҷмӯъ шумори ҳалокшудагон 52 нафарро ташкил дод.
«Аъзои ҲНИТ мунтазам ба содир кардани дигар ҷиноятҳои марбут ба терроризм, аз ҷумла дастгирии созмони байнулмилалии террористии Давлати исломӣ даст мезаданд», - иброз дошт намояндаи Тоҷикистон.
Дар ҳамин ҳол, ӯ илова намуд, ки ба ҷавобгарӣ танҳо шахсоне ҷалб карда мешаванд, ки ҷиноят содир кардаанд, на аъзои оила ва дигар шахсони наздики онҳо. «Ин ҷо изҳороти пурсарусадое садо дод, ки гӯё баъди амалҳои ҷонибдорони ҲНИТ дар Варшава, чанде аз аъзои оилаи онҳо дар Тоҷикистон боздошт шудаанд, ки ин нахустин чунин изҳороти «пурсарусадо»-и собиқ аъзои ҲНИТ нест. Ҳамчунин дар бораи шиканҷаву боз дигар чизҳо низ изҳороти онҳо садо дода буд, вале дар ҷараёни санҷиш ҳеҷ кадоме аз онҳо тасдиқи худро наёфт», - қайд кард ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки нисбати изҳороти ахир ӯ ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон занг зада, чунин посух гирифтааст: «Ҳеҷ касе аз аъзои оилаи намояндагони ҲНИТ ба мақомот даъват нашудаву дар робита ьа аксияи эътироз дар Варшава боздошт нашудааст».
Чанде қабл дар Варшава машварати САҲА аз рӯйи масоили иҷрои уҳдадориҳо дар бахши ченаки инсонӣ ба кор шурӯъ намуд. Зимни машварати САҲА дар Варшава фаъолони Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон аксияи эътирозӣ доир намуданд. Талаби асосии эътирозгарон - аз зиндон озод кардани шахсоне аст, ки аксҳои онҳо дар либосашон тасвир ёфта буд.
Иштирокдорони Машварати САҲА аз рӯйи масоили иҷрои уҳдадориҳо дар бахши ченаки инсонӣ аз ин аксияи эътироз дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд. Стив Свердлов, муҳаққиқи мушкилоти Осиёи Марказӣ дар созмони Human Rights Watch аксҳоеро аз ин аксия дар твиттери худ гузошт.
Рӯзи 20 сентябр бошад, Стив Свердлов гуфтааст, аз рӯи иттилои онҳо дар паи “эътирози хомӯшона”-и аъзои ҲНИТ дар нишасти САҲА дар шаҳри Варшава ҳудудан 50 хешу табори ин нафарон дар Тоҷикистон боздошт шуданд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон зикр карданд, ки дар бораи ҳабси хешовандони иштирокчиёни «аксияи хомӯшонаи эътироз», ҷонибдорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон зимни ҷаласаи САҲА дар Варшаве ҳеҷ огаҳие надоранд. Сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ маълуот доир ба ҳабси хешовандону наздикони иштирокчиёни аксияро, ки дар Тоҷикистон иқомат доранд, рад кард.
Ҳамчунин мавриди зикр аст, ки дар ин робита созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch баёнияе интишор намуда, дар он зикр гардида буд, ки Тоҷикистон ҳоло дар умқи як бӯҳрони хеле шадиди ҳуқуқи башар қарор дорад ва ҳукуматҳо ва созмонҳои ҳамкори Тоҷикистон бояд вазъи бӯҳронии ҳуқуқи башар дар ин кишварро маҳкум кунанд.



