Дар Думаи Давлатии Русия имрӯз вохӯрии раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо раиси Думаи Давлатии Русия Вячеслав Володин баргузор шуд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев аз раиси Думаи Давлатии Русия дархост намуд, ки ба расонидани кумаки ҳуқуқӣ дар масъалаи ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони кории тоҷикистонии дар ин кишвар ҳузурдошта мусоидат намояд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ тариқи телефон аз ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар Маскав.
Бино ба гуфтаи манбаъ, зимни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи Володинро ба зарурати таъмини нафақаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз ҷониби корфармоён дар Русия ҷалб кардааст.
Дар ҳамин ҳол, раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон таъкид доштааст, ки нисбат ба кишвари худ, нафъи муҳоҷирони корӣ ба кишвари будубош бештар аст.
Ҷонибҳо ҳамчунин масоиди суғуртаи муҳоҷирон дар Русия ва фарогирии фарзандони онҳо ба таҳсилро дар муассисаҳои таълимии Русия низ баррасӣ намуданд.
Володин ба Убайдуллоев ваъда дод, ки дар доираи салоҳиятҳои худ ба ҳаллу фасли мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Убайдуллоев ҳамчунин аз аъзои парлумони Русия дархост намуд, ки имкони кумакро ба сохтмони боз як мактаби дигари таҳсилаш бо забони русӣ дар Душанбе баррасӣ намоянд.
Володин дар навбати худ қайд кард, ки муносибати Русия ва Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дошта, тайи 7 моҳи соли равон ҳаҷми муомилот байни кишварҳо 34,9% афзуд, ки гувоҳи ин гуфтаҳост.
“Бо назардошти забони муоширати байнумилалӣ будани забони русӣ дар Тоҷикистон тибқи Конститутсия, ин барои мо омили муҳими ва асоси рушди муносибатҳо мебошад. Ин ба мову шумо имкон медиҳад, ки аз ҷумла барномаҳоро дар соҳаи маориф пурсамар амалӣ созем”, - иброз доштааст ӯ.
Раиси Думаи Давлатии Русия ҳамчунин зикр кард, ки шумори зиёди донишҷӯёни Тоҷикистон дар Русия таҳсил дошта, айни замон сохтмони 5 мактаб дар Тоҷикистон идома дорад, ки дар онҳо забони русӣ омӯхта мешавад.
Ёдрас мекунем, ки дар доираи сафар ба Русия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҳайати парламентии кишвар дар кори Форуми шашуми байнипарламентии «Россия – Тоҷикистон: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ» иштирок мекунад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 октябри соли 2025
Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳамарӯза қариб 4,5 ҳазор литр об харҷ мекунад, ки исрофкории беҳад зиёд аст
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” баргузор гардид.
“Боарзиштарин ҷоиза барои ман муваффақияти шогирдонам аст”. “Омӯзгори сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?
Ақибнишинии артиши Исроил ва шуруъи бозгашти фаластиниҳо ба хонаҳои хеш. Оташбас дар Ғазза ба иҷро даромад
Моякӯбии духтарон бар зидди вируси хатарнок. Чаро бархе муқобиланд?
“Лимит”-и барқ. Масъулин мегӯянд 7 соат, сокинон шикоят доранд, ки 10 соат барқ хомӯш мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 октябри соли 2025
Формати нави “ИДМ+” таъсис шуд. Натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе
Тарҳи “Зистан мехоҳам” номи 446 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда, гуфт, онҳо дар ҷанги Русияву Украина кушта шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста