Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба садамаи ҳавопаймои мусофирбар дар Индонезия ба президенти ин кишвар Ҷоко Видодо барқияи тасаллият ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки хабари фоҷиавии суқути ҳавопайморо дар наздикии ҷазираи Яваи Ҷумҳурии Индонезия, ки боиси ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандон гардид, мардуми Тоҷикистон бо андуҳи хеле зиёд қабул кард.
“Бо изҳори таъзия ва тасаллият ба тамоми мардуми дӯсти Индонезия аз Шумо, ҷаноби Президент, хоҳишмандам, ки ҳамдардии амиқи моро ба наздикону пайвандони фавтидагон бирасонед”, - изҳори тасаллият мешавад дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон.
Ёдрас мекунем, ки ҳавопаймои мусофирбари Boeing 737 мансуб ба ширкати ҳавонавардии Lion Air баъди парвоз аз фурудгоҳи Ҷакартаи Индонезия дучори садама шуд. Ҳавопаймо бо 189 мусофир, аз ҷумла 3 нафар кӯдакон ба ҳаво хеста буд ва даҳ дақиқа пас аз парвоз аз назари радарҳо ғайб зад.
Бино ба хабари пойгоҳи иттилотии Flightradar ҳавопаймо дар баҳри наздикии соҳилҳои Ява сарнагун шуд. Сарнишинони чандин киштиҳои ин минтақа хабар доданд, ки шикастапораҳои ҳавопайморо пайдо кардаанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 октябри соли 2025
Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳамарӯза қариб 4,5 ҳазор литр об харҷ мекунад, ки исрофкории беҳад зиёд аст
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” баргузор гардид.
“Боарзиштарин ҷоиза барои ман муваффақияти шогирдонам аст”. “Омӯзгори сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?
Ақибнишинии артиши Исроил ва шуруъи бозгашти фаластиниҳо ба хонаҳои хеш. Оташбас дар Ғазза ба иҷро даромад
Моякӯбии духтарон бар зидди вируси хатарнок. Чаро бархе муқобиланд?
“Лимит”-и барқ. Масъулин мегӯянд 7 соат, сокинон шикоят доранд, ки 10 соат барқ хомӯш мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 октябри соли 2025
Формати нави “ИДМ+” таъсис шуд. Натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе
Тарҳи “Зистан мехоҳам” номи 446 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда, гуфт, онҳо дар ҷанги Русияву Украина кушта шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста