Дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 12 сафири навтаъйиншудаи кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулодда ва мухтори Туркманистон Тогалаков Ҳемра Аманмамедович, Давлати Қатар Иброҳим Муҳаммад Абдураҳмон ал Абдулло, Иттиҳоди Аврупо хонум Мэрилин Йосефсен, Ҷумҳурии Финляндия хонум Маря Лиивала, Шоҳигарии Испания Давид Артуро Карриедо Томас, Ҷумҳурии Словения Бранко Раковетс, Ҷумҳурии Латвия Михаил Попковс, Ҷумҳурии Молдова Андрей Негутса, Малайзия Ҳенди Ассан, Ҷумҳурии Халқӣ - Демократии Корея Ким Хен Чжун, Ҷумҳурии Замбия Шадрек Лувита ва Ҷумҳурии Эл Салвадор Эфрен Арнолдо Бернал Чевез эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати таъйин гардиданашон ба ҳайси роҳбарони сафоратҳои давлатҳои худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз дошт, ки сафирон бо фаъолияти пурсамари дипломатиашон ба рушду тавсеаи муносибатҳои гуногунҷанбаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои худ мусоидати ҷиддӣ хоҳанд кард.
Президенти Тоҷикистон таъкид намуд, ки ҷавҳари фаъолияти Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ сиёсати хориҷии мутавозину сулҳхоҳонаи “дарҳои кушода” ташкил медиҳад. Дар такя ба он мо бо ҳамаи кишварҳои хориҷии дуру наздик муносибатҳои барои ҷонибҳо судманди фарогирро роҳандозӣ намуда, ҷиҳати пешбурди самарабахши онҳо кӯшишҳои пайваста ба харҷ медиҳем.
Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо ҷумҳуриҳои ҳавзаи минтақаи Осиёи Марказӣ, ҷаҳони араб, кишварҳои аврупоии минтақаи назди Балтика, бо Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои аъзои он ва бо кишварҳои фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки сафирони фавқулода ва мухтори навтаъйиншуда бо иҷрои рисолати сермасъул саъю талошҳои пайгиронаи худро баҳри татбиқи ҳадафҳои неки давлатҳо ва барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои худ бо Тоҷикистон равона месозанд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон баҳри ҳалли мушкилоти глобалии марбут ба об ва муборизаи самарбахш алайҳи хатару таҳдидҳои замони муосир ёдовар шуданд.
Дар фарҷом Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҳамаи сафирон ба муносибати оғози фаъолияташон барору комёбӣ орзу намуда, омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳри мусоидат дар самти пешбурди фаъолияти дипломатиашон махсус таъкид карданд.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 октябри соли 2025
Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳамарӯза қариб 4,5 ҳазор литр об харҷ мекунад, ки исрофкории беҳад зиёд аст
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” баргузор гардид.
“Боарзиштарин ҷоиза барои ман муваффақияти шогирдонам аст”. “Омӯзгори сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?
Ақибнишинии артиши Исроил ва шуруъи бозгашти фаластиниҳо ба хонаҳои хеш. Оташбас дар Ғазза ба иҷро даромад
Моякӯбии духтарон бар зидди вируси хатарнок. Чаро бархе муқобиланд?
“Лимит”-и барқ. Масъулин мегӯянд 7 соат, сокинон шикоят доранд, ки 10 соат барқ хомӯш мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 октябри соли 2025
Формати нави “ИДМ+” таъсис шуд. Натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе
Тарҳи “Зистан мехоҳам” номи 446 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда, гуфт, онҳо дар ҷанги Русияву Украина кушта шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста