Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ (Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон) рӯзҳои 15-16 декабр дар шаҳри Душанбе гирдиҳам меоянд. Дар ин ҷо 7-умин Машварати вазирони корҳои хориҷии Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Япония” доир мегардад.
Зимни ҷаласаи вазирон баррасии масъалаҳои таъмини сулҳу субот ва амният дар минтақа ва ҷаҳон, ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон ва дурнамои ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва фарҳанг дар назар аст, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.
Ҳамчунин вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Япония ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва пешгирии офатҳои табиӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Аз рӯи натиҷаҳои машварат изҳороти муштарак ба имзо мерасад.
Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Япония” соли 2004 бо ташаббуси Япония бо мақсади тақвияти талошҳо оид ба густаришу таҳкими робитаҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин рушди ҳамкории минтақавӣ таъсис дода шуд. Муколама ба майдони муҳими баррасии масоили барои минтақа муҳими сиёсӣ ва иқтисодӣ, ҳамчунин мушкилоти таъмини амният табдил ёфт.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 октябри соли 2025
Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳамарӯза қариб 4,5 ҳазор литр об харҷ мекунад, ки исрофкории беҳад зиёд аст
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” баргузор гардид.
“Боарзиштарин ҷоиза барои ман муваффақияти шогирдонам аст”. “Омӯзгори сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?
Ақибнишинии артиши Исроил ва шуруъи бозгашти фаластиниҳо ба хонаҳои хеш. Оташбас дар Ғазза ба иҷро даромад
Моякӯбии духтарон бар зидди вируси хатарнок. Чаро бархе муқобиланд?
“Лимит”-и барқ. Масъулин мегӯянд 7 соат, сокинон шикоят доранд, ки 10 соат барқ хомӯш мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 октябри соли 2025
Формати нави “ИДМ+” таъсис шуд. Натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе
Тарҳи “Зистан мехоҳам” номи 446 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда, гуфт, онҳо дар ҷанги Русияву Украина кушта шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста