Имрӯз, 5 феврал, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, мулоқот намуд.
Тавре АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, зимни ин мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Россия баррасӣ гардид.
“Ҳалли масъалаҳои байниминтақавии тиҷоратӣ-иқтисодӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, ҷалби технология барои истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар заминаи ашёи хом, коркарди нахи пахта, меваю сабзавот, маҳсулоти чорво, азхудкунии неъматҳои табиӣ, афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба бозорҳои Россия, баррасии масъалаҳои ташкили марказҳои нақлиётӣ-логистикӣ, аз самтҳои муҳиму ояндадори равобити ду кишвар номида шуд”,-менависад АМИТ “Ховар”.
Ҳамчунин, ин сомона менависад, ки дар ин мулоқот масъалаҳои ҳамгироии сиёсӣ, амнияти минтақавӣ, ҳамкории ҳарбӣ, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, вазъи мураккаби сиёсӣ дар Афғонистон, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва татбиқи барномаи модернизатсияи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, баррасӣ гардиданд.
Зимни ин мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф, аз ҷумла сохтмони мактабҳои омӯзиши забони русӣ, ҷалби омӯзгорони рус ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ муҳокима гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров шоми дирӯз, 4 феврал бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард ва бо вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин низ дидору мулоқот намуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 октябри соли 2025
Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳамарӯза қариб 4,5 ҳазор литр об харҷ мекунад, ки исрофкории беҳад зиёд аст
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” баргузор гардид.
“Боарзиштарин ҷоиза барои ман муваффақияти шогирдонам аст”. “Омӯзгори сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?
Ақибнишинии артиши Исроил ва шуруъи бозгашти фаластиниҳо ба хонаҳои хеш. Оташбас дар Ғазза ба иҷро даромад
Моякӯбии духтарон бар зидди вируси хатарнок. Чаро бархе муқобиланд?
“Лимит”-и барқ. Масъулин мегӯянд 7 соат, сокинон шикоят доранд, ки 10 соат барқ хомӯш мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 октябри соли 2025
Формати нави “ИДМ+” таъсис шуд. Натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе
Тарҳи “Зистан мехоҳам” номи 446 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда, гуфт, онҳо дар ҷанги Русияву Украина кушта шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста