Рӯзи 10 феврали соли равон дар шаҳри Давҳа вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо Котиби генералии Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар доктор Аҳмад Ҳасан ал-Ҳамодӣ баргузор шуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, сафир даъватномаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барои иштирок дар нишасти панҷуми сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), ки моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир мегардад, тақдим намуд.
Гуфта мешавад, доктор Аҳмад ал-Ҳаммодӣ барои даъватнома изҳори сипос карда, таъкид намуд, ки ҷониби Қатар ташаббусҳои раҳбари олии Тоҷикистонро дар ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва ҳамкориҳои созандаи минтақавӣ баланд арзёбӣ мекунад ва аз онҳо ҷонибдорӣ менамояд. Ӯ изҳор дошт, ки рушду таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо Тоҷикистон дар авлавиятҳои сиёсати хориҷии Қатар қарор дорад.
Зимнан зикр мегардад, ки дар рафти суҳбат ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ табодули назари судманд сурат гирифт.
Қобили зикр аст, ки нимаи аввали моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Нишасти панҷуми сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) доир мегардад.
Дар кори нишасти МҲТБО дар Душанбе иштироки сарони кишварҳои Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Ветнам, Миср, Ҳиндустон, Ироқ, Эрон, Исроил, Қазоқистон, Қатар, Камбоҷа, Чин, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Фаластин, Россия, Тайиланд, Туркия ва Ӯзбекистон дар назар аст.
Омодагии пойтахти Тоҷикистон ба ин нишаст зери назорати шахсии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарор дорад.
Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё – МҲТБО, анҷумани байнидавлатие мебошад, ки бо ибтикори Қазоқистон ва дастгирии СММ таъсис ёфта, дафтари марказиаш дар шаҳри Остона воқеъ аст.
Ин созмон 27 кишвари узв, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Чин, Ҳинд, Эрон, Исроил, Ӯзбекистон, Туркия, Миср, Ироқ, Покистон, Фаластин, Муғулистон, Ветнам ва ғайраро муттаҳид месозад. Мақомоти олии қабули қарор ҳамоиши нишасти сарони кишварҳои узв буда, он дар чор сол як маротиба доир мегардад.
Тирамоҳи соли 2018 раёсат дар Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё аз Чин ба Тоҷикистон гузашта, айни замон намояндаи Тоҷикистон Ҳабиб Мирзозода, ба ҳайси мудири иҷроияи Машварат фаъолият мекунад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.






Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 октябри соли 2025
Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳамарӯза қариб 4,5 ҳазор литр об харҷ мекунад, ки исрофкории беҳад зиёд аст
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” баргузор гардид.
“Боарзиштарин ҷоиза барои ман муваффақияти шогирдонам аст”. “Омӯзгори сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?
Ақибнишинии артиши Исроил ва шуруъи бозгашти фаластиниҳо ба хонаҳои хеш. Оташбас дар Ғазза ба иҷро даромад
Моякӯбии духтарон бар зидди вируси хатарнок. Чаро бархе муқобиланд?
“Лимит”-и барқ. Масъулин мегӯянд 7 соат, сокинон шикоят доранд, ки 10 соат барқ хомӯш мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 октябри соли 2025
Формати нави “ИДМ+” таъсис шуд. Натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе
Тарҳи “Зистан мехоҳам” номи 446 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда, гуфт, онҳо дар ҷанги Русияву Украина кушта шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста