Сафири тозатаъини ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм зимни вохӯрии санаи 18 март бо журналистон изҳор намуд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз дастрасии озод ба шабакаи интернет ҷонибдорӣ мекунад.
Дар посух ба саволи журналистон дар мавриди болоравии нархи интернети мобилӣ дар Тоҷикистон, ки ҷиҳати дастрасӣ ба маълумот таъсири манфӣ мерасонад, дипломати амрикоӣ қайд кард, ки дастрасӣ ба маълумот нақши хеле муҳим дорад ва сарфи назар аз чӣ гуна будани он – ВАО-чопӣ, радио ё интернет, ҳамаи шаҳрвандон бояд аз он бархӯрдор бошанд.
“ИМА мавқеи зарурати таъмини дастрасӣ ба маълумотро дар саросари ҷаҳон дастгирӣ мекунад. Ин назари умумии мост нисбати ин масъала ва табиист, ки бо ҳукуматҳои кишварҳои гуногун мо рӯйи ин масъала кор мекунем, то ки барои таъмини аҳолӣ ба дастрасӣ ба маълумот кумак кунем”, - қайд кард сафир.
Ёдрас мекунем, ки Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон бо фармоиши худ аз операторони мобилӣ талаб кард, ки арзиши 1 Мб интернетро дар ҳаҷми на камтар аз 5 дирам муқаррар намоянд.
Айни замон як гигабайт интернет дар операторони мобилии Тоҷикистон тақрибан 30-35 сомонӣ нарх дорад. Аз 27 март нархи он бе назардошти андозҳои ғайримустақим 51 сомонӣ ва бо назардошти ААИ – 18% ва аксиз – 5% на камтар аз 63 сомонӣ (6,7 доллар)-ро ташкил хоҳад дод.
Дар робита ба масъалаи гузоришҳо доир ба поймолкунии ҳуқуқҳои инсон дар Тоҷикистон сафир зикр кард, ки Ҳукумати ИМА бо Тоҷикистон рӯйи ин масъала ҳамкорӣ мекунад.
Бино ба гуфтаи ӯ, масъалаи риояи ҳуқуқҳои инсон зимни муколамаҳои доимии“Машваратҳои Тоҷикистону ИМА” ва ҳамчунин дар вохӯриҳои ҷудогона баррасӣ мешавад.
“Воӯриҳо бо он мақсад гузаронида мешаванд, ки ба Ҳукумати Тоҷикистон дар таъмини фазои бештар барои иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳаёти сиёсӣ кумак расонида шавад. Табиист, ки дар ин маврид мо назари худро дошта, лекин ба ҷараёнҳои дохилӣ дахолат намекунем”, - иброз дошт ӯ.
Афзалиятҳои фаъолияти худро дар Тоҷикистон Поммершайм чунин номбар кард: таҳкими соҳибистиқлолӣ ва амнияти сарҳадҳои Тоҷикистон, афзоиши ҳаҷми муомилоти мол дар минтақа, рушди ҳамкориҳо бо ҳукумати Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ.
Ҷон Марк Поммершайм таъкид дошт, ки ИМА ба густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ҳамсоякишварҳо мусоидат хоҳад кард, ки ин дар навбати худ, ба таъмини бештари амният дар минтақа мусоидат менамояд.
Дипломат зикр кард, ки танҳо давоми соли 2017 ИМА тариқи USAID барои рушди Тоҷикистон 35 млн. доллар маблағ ҷудо кардааст. Ҳамчунин соли гузашта ИМА барои беҳбуди малакаҳои кории кормандони сохторҳои қудратии кишвар онҳоро бо дастгоҳу таҷҳизоти хушсифат ба маблағи 20 млн. доллар таъмин намуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 октябри соли 2025
Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳамарӯза қариб 4,5 ҳазор литр об харҷ мекунад, ки исрофкории беҳад зиёд аст
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” баргузор гардид.
“Боарзиштарин ҷоиза барои ман муваффақияти шогирдонам аст”. “Омӯзгори сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?
Ақибнишинии артиши Исроил ва шуруъи бозгашти фаластиниҳо ба хонаҳои хеш. Оташбас дар Ғазза ба иҷро даромад
Моякӯбии духтарон бар зидди вируси хатарнок. Чаро бархе муқобиланд?
“Лимит”-и барқ. Масъулин мегӯянд 7 соат, сокинон шикоят доранд, ки 10 соат барқ хомӯш мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 октябри соли 2025
Формати нави “ИДМ+” таъсис шуд. Натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе
Тарҳи “Зистан мехоҳам” номи 446 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда, гуфт, онҳо дар ҷанги Русияву Украина кушта шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста