Ба ҳайати Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз ба Ӯзбекистон раҳсипор шуд, беш аз 40 нафар намояндагони вазорату идораҳои гуногуни кишвар шомиланд.

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзодаро дар ин сафар ҳамчунин вазирони нақлиёт Худоёр Худоёрзода, энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, саноат ва технологияҳои нав Заробиддин Файзуллозода ва кишоварзӣ Иззатулло Сатторӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар шаҳри Тирмизи Ӯзбекистон имрӯз, 3 апрел ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон доир мегардад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд, ҷаласаи ин комиссия, ки бояд охири соли гузашта барпо мешуд, бо сабаби он замон байни Тошканду Душанбе ҷой надоштани масъалаҳои баҳсӣ ва рушди босуръати муносибатҳо байни давлатҳо дар ҳама самтҳо, ба вақти дигар мавқуф гузошта шуд.

Дар ҷаласаи Тирмиз асосан масъалаҳои рушди ҳамкориҳои гуманитарӣ, густариши онҳо дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, фарҳанг ва илму техника байни Тоҷикистону Узбекистон баррасӣ мешаванд.

Ба масъалаи амалисозии қарордодҳои қаблан ҳосилшуда байни кишварҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки санаи 12 апрел сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд ҷиҳати иштирок дар вохӯрии дуюми машвартии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.