Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё рӯзи 13 июн Президенти Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Муҳаммад Абдул Ҳамидро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки Тоҷикистон аз робитаҳои зичтар ва тақвият бахшидани муносибатҳои дуҷониба бо Бангладеш ҳавасманд мебошад ва нақши ин кишварро дар тавсеаи ҳамкории минтақавӣ назаррас арзёбӣ карданд.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба истифодаи самараноки имкониятҳои мусоиди ҳамкорӣ ба манфиати кишварҳо дар бахшҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, саноат, сайёҳӣ, маориф ва сармоягузориҳои мустақим омодагии худро иброз доштанд.
Таъкид гардид, ки истифодаи таҷрибаи бойи Бангладеш барои рушди саноат дар Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ва Шӯрои соҳибкорон, имзои созишномаҳои нави ҳамкорӣ, барои ҳар ду ҷониб судманд хоҳад буд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамкорию ҳамгироии кишварҳо дар доираи ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар самти ҳалли мушкилоти глобалӣ ва мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир баррасӣ гардид.
Муборизаи муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ ва имзои Созишнома оид ба ҳамкории амниятӣ ва таъсиси гурӯҳи муштараки корӣ, мувофиқи мақсад шуморида шуд. Дар рафти мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муҳокима гардид.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 октябри соли 2025
Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳамарӯза қариб 4,5 ҳазор литр об харҷ мекунад, ки исрофкории беҳад зиёд аст
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” баргузор гардид.
“Боарзиштарин ҷоиза барои ман муваффақияти шогирдонам аст”. “Омӯзгори сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?
Ақибнишинии артиши Исроил ва шуруъи бозгашти фаластиниҳо ба хонаҳои хеш. Оташбас дар Ғазза ба иҷро даромад
Моякӯбии духтарон бар зидди вируси хатарнок. Чаро бархе муқобиланд?
“Лимит”-и барқ. Масъулин мегӯянд 7 соат, сокинон шикоят доранд, ки 10 соат барқ хомӯш мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 октябри соли 2025
Формати нави “ИДМ+” таъсис шуд. Натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе
Тарҳи “Зистан мехоҳам” номи 446 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда, гуфт, онҳо дар ҷанги Русияву Украина кушта шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста