Сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков имрӯз дар минтақаи сарҳадии Ворух - Оқсой бо ҳамдигар вохӯрданд.

Ин дақиқаҳо сарони кишварҳо бо намояндагони аҳли ҷомеа ва куҳансолони шӯроҳои деҳоти ҳарду кишвар мулоқот доранд.

Дар идома дар шаҳри Исфара дидору гуфтушуниди “як ба як”-и сарони кишварҳо доир гардида, сипас ҳайатҳои кишварҳо ба он ҳамроҳ мешаванд.

Президенти Тоҷикистонро дар ин сафар вазири мудофиа Шералӣ Мирзо, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, раиси КДАМ Саймумин Ятимов ва фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии ҷумҳурӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ҳамроҳӣ доранд.

Муовини сарвазири кишвар Азим Иброҳим, ки ҳамзамон ҳамраиси комиссияи байниҳукуматӣ оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон аст, аллакай чандин рӯз - аз оғози муноқиша дар Исфара қарор дошта, ҳамарӯза бо намояндагони ҳукумати Қирғизистон гуфтушунид мегузаронад.

Тавре интизор меравад, пас аз гуфтушунидҳо дар Исфара Сооронбой Жээнбеков ва Эмомалӣ Раҳмон ба Иссиқкӯл рафта, дар шаҳри Чолпон-Ота оид ба масоили муҳиму рӯзмарраи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтушунидро идома медиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.