Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон Андреас Протманн рӯзи 21 август нусхаи Эътимодномаи худро ба муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода супорид.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқоте, ки баъд аз маросими эътимодномасупорӣ сурат гирифт, ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон гуфтугӯи судманд анҷом доданд.
Гуфта мешавад, дар анҷоми вохӯрӣ муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Андреас Протманн барои анҷоми рисолати дипломатиаш муваффақият орзу намуд.
Тибқи иттилои ВАО-и Украина, то таъинот ба мансаби сафирӣ дар Тоҷикистон Андреас Протманн ба ҳайси роҳбари ситоди кории “Украина” дар Вазорати корҳои хориҷии Олмон ифои вазифа мекард.
Андреас Протманн дар вазифаи сафири Олмон дар Тоҷикистон Найтхарт Хёфер-Виссингро иваз намуд.
Қобили зикр аст, ки сафоратхонаи Олмон дар Тоҷикистон яке аз аввалин намояндагии хориҷӣ баъди соҳибистиқлолии кишвар буда, 10 июни соли 1993 ба фаъолият шурӯъ намуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 октябри соли 2025
Ҳар як сокини Тоҷикистон ҳамарӯза қариб 4,5 ҳазор литр об харҷ мекунад, ки исрофкории беҳад зиёд аст
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии “Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак” баргузор гардид.
“Боарзиштарин ҷоиза барои ман муваффақияти шогирдонам аст”. “Омӯзгори сол”-и Тоҷикистон чӣ корнома дорад?
Ақибнишинии артиши Исроил ва шуруъи бозгашти фаластиниҳо ба хонаҳои хеш. Оташбас дар Ғазза ба иҷро даромад
Моякӯбии духтарон бар зидди вируси хатарнок. Чаро бархе муқобиланд?
“Лимит”-и барқ. Масъулин мегӯянд 7 соат, сокинон шикоят доранд, ки 10 соат барқ хомӯш мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 октябри соли 2025
Формати нави “ИДМ+” таъсис шуд. Натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар Душанбе
Тарҳи “Зистан мехоҳам” номи 446 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр карда, гуфт, онҳо дар ҷанги Русияву Украина кушта шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста